Санаи 7 марти соли 2024 бахшида ба “Рӯзи Модар” ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки занону бонувони фаъоли ноҳия дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт баргузор гардид.
Дар оғози чорабини намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар меҳмонон аз намоишгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту идораҳо дидан намудан, ба ҳунари кадбонуҳо ва чеварон баҳои баланд доданд.
Баъдан, дар толори Касри фарҳанг маҷлиси тантанави баргузор гардида, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт, Идизода Зарина Фузайлшо дар баромади, худ кулли занону бонувонро бахшида ба “Рӯзи модар” табрик намуданд.
Воқеан зан -Модар азизтарин мавҷуди рӯи замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастист. Зан –Модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва тарбиятгари насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрист.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби раиси ноҳия зиёда аз 300 нафар ба занон ва бонувони собиқадору фаъоли ноҳия ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фароварди чорабинӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертиро пешкаши ҳаводорон намуда, табъи иштирокчиёнро болида гардонданд.