Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ФАЗИЛАТИ ИНСОНӢ

Дастгирии оилаҳои ниёзманд, шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва ятимону бепарасторон яке аз фазилатҳои неки инсонӣ буда, дар таърихи миллати мо анъанаи қадимӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати инсонгароёнаи худ ин масъаларо дар мадди аввал гузошта, аҳли хайру сахоро бобати  анҷом додани ин амали хайр ҳамеша ташвиқ мекунанд.

Санаи  01.03.2024  иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо, прокурор ва раиси Суди ноҳия  дар Ҷамоати деҳоти Ҳоити Мирзокаримов Раҳматуро аёдат намуданд.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар партави сиёсати ваҳдатбунёди Пешвои муаззами миллат дар лаҳзаҳои душвор мардуми мо ҳамеша дар паҳлӯи ҳам қарор мегиранд ва даст ба дасти ҳам дода, барои рафъи он камар мебанданд.