Сохтмон ва муҷҷаҳаз гардонидани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва дар заминаи он боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббиву таъмини сиҳатии ҷомеа яке аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар заминаи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Дар қатори азнавсозиву сохтмон ва таъмири муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин, корҳои сохтмониву азнавсозии муассисаҳои тиббӣ дар ноҳияи Рашт низ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” идома дорад.
Айни замон дар ноҳияи Рашт сохтмон ва таъмиру тармими 4 бино; сохтмони маркази ташхису табобат, таъмири бинои Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ, бинои хобгоҳ барои занони ҳомила идома дошта, баъд аз ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ муассисаҳои болозикр бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин карда мешаванд.
Ба ҳолати кунунӣ бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустии ноҳияи мазкур идома дошта, мутахассисон итминон доранд, ки иншоот дар муҳлати мутобиқшуда мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Зимни боздиди навбатии Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа мушоҳида гардид, ки рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти болозикр мутобиқ ба талаботи давр бароҳ монда шудааст.
Айни замон рафти корҳои сохтмонии иншооти мазкур дар ноҳия бо сифати бананд ҷараён дошта 70%-и корҳо ба анҷом расидаанд. Бояд гуфт, ки баъд аз ба итмом расидани рафти корҳои сохтмонӣ муассисаҳои болозикр бо муосиртарин дасгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин хоҳанд гашт ва барои зиёда аз 135 ҳазор нафар аҳолии ноҳия хизматрасонии босифати тиббӣ хоҳанд расонид.
Қобили зикр аст, ки ҳолати инфрасохтори муассисиҳои тиббии ноҳияи Рашт то кунун ҷавобгуй ба талаби замон намуд. Маҳз дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ таъмини солимии аҳолӣ Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳия татбиқ гардид, ки ҳамакнун дар соли равон бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоти нави тандурустӣ вазъи хизматрасонии тиббӣ мутобиқ ба талабот давр ба роҳ монда хоҳад шуд.