Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи раҳнамоиҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода барои боз ҳам ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии ноҳия шанбегиҳои дастҷамъона роҳандозӣ карда мешавад.

Дар ин асно, санаи 14-уми январи соли равон дар ҳудуди ноҳияи Рашт, шоҳроҳи протоколии Рашт-Душанбе ва деҳаи Кулоба Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳия таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия ва муовинони раиси ноҳия, Шӯъбаи муҳити зист ва шарикони рушд, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва сокинони ноҳияи Рашт фаъолона иштирок намуданд.