Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” бо мақсади муайян намудани мутобиқатии мансаби ишғолнамудаи хизматчиёни давлатӣ баргузор карда мешавад.
Дар ин замина, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2008 №468 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ва маъмурӣ” ва қарори раиси ноҳияи Рашт аз
13-уми ноябри соли 2023 №538 аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ санаи 6-уми декабри соли ҷорӣ дар ноҳия баргузор гардид.
Дар аттестатсия раиси комиссия, муваққатан муовини якуми раиси ноҳияи Рашт – Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ, намояндаи Агентии хизмати давлатӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ–Латифзода Фирдавс ва дигар аъзоёни комиссия иштирок намудаанд.