Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКИ 

Имрӯз мо Рӯзи забони тоҷикиро таҷлил намудем, ки бешубҳа яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллию давлатии мост. Зеро барои миллати мо забон на танҳо воситаи гуфтору муошират аст, балки як унсури бунёдиест, ки худи ҳувияти миллии мо бар меҳвари он бунёд шудааст ва худи бақои миллии мо бар пояи он таъмин гаштааст.

Забон воситаи муҳиммтарини робитаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва инчунин зуҳури ҳарду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст. Инсон фикри худро бо роҳҳои мухталиф ( ишора, рафтор, ранг, садо) ифода карда метавонад, аммо воситаи ифодаи афкори инсон забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расиданд.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад.

Халқи тоҷик забони худро ниҳоят дӯст медорад ба он  ҳамеша арҷ мегузорад. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд. Тавре, ки устоди зиндаёд Бозор Собир гуфтаанд:

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,

То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор   ҷон  доданд шоирҳои ӯ,

То наафтад бар замин қадри сухан…

Дӯст медорам варо

Чун навозишҳои гарми модарам,

Дӯст медорам варо.

Дар охир аз тарафи раиси ноҳияи Раши, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба як қатор фаъолони шуъбаи Маорифи ноҳия сипоснома супорида шуд.