Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, Раиси ноҳияи Рашт, узвми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали директори Агентии захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев баҳри муайян намудани роҳҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии ноҳия, истифодаи оқилонаи замину об ва дигар сарватҳои табиӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, таҳияи нақша ва барномаҳои рушди иҷтимоии маҳал, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияту осоиштагии шаҳрвандон, беҳбудии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини кумаки тиббию санитарӣ, баланд бардоштани шароити моддию маишии шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба роҳ монд.
Сабтҳои охирин
ТАҚВИЯТИ РИОЯИ ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ВА ПЕШГИРИИ ТАМБАШАВИИ НАҚЛИЁТ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳаракати роҳ, пешгирӣ аз тамбашавии нақлиёт ва таъмини амнияти мусофирон дар маркази ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ (ШБДА) ва Ҷамоати шаҳраки Ғарм бо ронандагони нақлиёти мусофиркаш вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ масъулин ба ронандагон қоидаҳои ҳаракати роҳро […]
ТабрикотиРаиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо, ба муносибати Иди Саиди Фитр
Ба муносибати иди саиди Фитр, ин оини мубораки динию эътиқодӣ тамоми мардуми шарифи ноҳияро самимона табрик мегӯям. Ба хонадони ҳар як фарди кишвар рӯзгори бо-саодат ва барои Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям. Дар моҳи мубораки Рамазон ва айёми иди саиди Фитр ҳар як фарди бедордил кӯшиш мекунад, ки амали хайре анҷом диҳад, дили […]
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
26.01.2021 12:15, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ […]



