Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Сайёҳӣ Хабарҳо

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ  РАШТ 21-05-2023

21 майи соли равон бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар шаҳраки  Ғарм дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ  баргузор  гардид.

Дар  дави миллӣ зиёда аз 5 ҳазор одамони касбу кори гуногун аз ташкилоту муассисаҳо, литсею коллеҷҳо ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, инчунин доираи васеи ҷавонону варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ  фаъолона иштирок намуданд, ки аз ин шумора анқариби 2 ҳазор нафарашонро занону бонувон ташкил медоданд.

Дар маъракаи анҷоми чорабинии мазкур узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода дар назди ширкаткунандагони мусобиқа суханронӣ карда, аз ғамхориҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Аз ҷумла зикр кард, ки Пешвои миллат ба  рушди соҳаи варзиш  пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва дар фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон саҳми беандоза мегузорад. Дар асоси ҳидоятҳои ӯ барои тамрини ҷавонон ҳамаи шароитҳо муҳайё гардидаанд. Дар ҳамаи деҳаҳою маҳалҳои аҳолинишини ноҳия майдону толорҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд…

Мавсуф, ҳамчунин, афзуд, ки  дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ  бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007, № 225 “Дар бораи дави миллӣ” роҳандозӣ гардида, ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми қаламрави кишвар маъракаи умумимиллии дав барои солимӣ ва оммавияти варзиш доир карда мешавад ва он имсол бо розигии Президенти мамлакат аз 4 майи соли равон, таҳти № 26/10-6 ба санаи 21 май рост омад.

Дар хотимаи чорабинӣ ба иштирокдорони фаъоли дави миллӣ аз ҷониби раиси ноҳия ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ эҳдо гардид.