24 ноябри соли 2022 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як қатор биноҳои нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар деҳаи Варзигуни Ҷамати деҳоти Боқи Раҳимзода бинои нави муассисаи таълимӣ ва дар Ҷамоати Қалаи Сурх бунгоҳи тиббӣ, дар ҷамоати Шаҳраки Навобод толори варзиши ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва саҳми соҳибкорон сохта шудаанд бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода мавриди истифода қарор дода шуданд.
Сабтҳои охирин
Сафарбар намудани мактаббачагон ба лагери истироҳатии ташкилоти ғайридавлатии “Международное добрососедсто” воқеъ дар мавзеи дараи Камароби ноҳяи Рашт
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2022, №89 “Дар бораи ташкили истироҳати тобтстонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2021” қарори раиси ноҳияи Рашт аз 12 май соли 2022, №255 ва нақшаи чорабиниҳои он ба тавсиб расонида шудааст. 13 июн соли 2022 раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии […]
МЕРОСИ ТАЪРИХӢ Номаи шодбошии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз
Бо эҳтироми беандоза шумо, ҳамдиёрони азиз ва пайвандонатонро ба муносибати ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, бароятон умри бардавом, хушбахтии беинтиҳо, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор ва фатҳу кушоиши корҳои накӯро таманно мекунам. Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ба шумор рафта, бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ […]
АКСИЯИ “ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!” ДАР НОҲИЯИ РАШТ.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона аксияи тарғиботӣ миёни духтарон дар ноҳия роҳандозӣ гардида истодааст.

