Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

САНАИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

 Номаи шодбошии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бахшида ба 30-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабл аз ҳама Шумо ва тамоми сокинони ноҳияро ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик  гуфта, орзуманди он ҳастам, ки дар Тоҷикистони азиз сулҳу субот ҳамеша пойдор ва мардуми сарбаланди кишвар таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба сӯйи ояндаи боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор гузоранд.

Ҳамаи мову шумо хуб медонем, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон  16-уми ноябр муқаддастарин санаи таърихӣ маҳсуб мешавад. Зеро он ҳам Тоҷикистони азизамонро аз вартаи ҳалокат наҷот дод ва ҳам барои миллатамон  раҳнамову раҳкушо ва Пешвои муаззаму муқтадир бахшид. Ҳамчунин Иҷлосияи дар ин рӯз оғозёфта роҳи минбаъадаи давлату миллатро муайян намуд, ки имрӯз ҳамаи дастовардҳоямон, бешубҳа натиҷаи ҳамин рӯйдоди муҳими таърихӣ мебошанд.

Имрӯз аз ин санаи наҷотбахш 30 сол сипарӣ мешавад. Соҳати вақт ҳар қадар, ки фосила гузорад, аҳамияти таърихии он ҳамон қадар боарзиштар дар манзари диду андешаҳои мо ҷилвагар мегардад.

Бояд ёдовар шавем, ки рӯзи 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосия суханронии Раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб, депутати халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов шунида шуда, он бо гармӣ истиқбол гардид, зеро вазъи баамаломадаи ҷумҳурӣ дар он воқеъбинона ва бо дарки масъулияти баланд тавсиф гашта, хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳ дар тамоми қаламрави кишвар муайян карда шуд.

Дар ҳамин рӯз, бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳмонов Эмомалӣ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд, ки ҳамзамон Сарвари давлати Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ин қарор, дарвоқеъ, аҳамияти таърихӣ дошта, ба тақдири минбаъдаи давлатдории тоҷикон нақши бебаҳо гузошт. Шахсе ба ин вазифаи масъулиятнок интихоб гардид, ки дорои иродаи матин ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ барои  тақдири минбаъдаи халқи Тоҷикистон буд.

Сарвари нави давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосия ба амалӣ кардани қарорҳои он шурӯъ намуда, дар ин кори басо муҳим ва тақдирсоз азму иродаи қавӣ нишон доданд. Дар ҳамин давраи ҳассос ҳатто нафароне пайдо шуданд, ки аз мансабҳои масъули давлатӣ даст кашида, ба ояндаи давлат боварӣ надоштанд. Лекин ба ин нигоҳ накарда, Пешвои миллат устуворона баҳри иҷрои қарорҳои Иҷлосияи мазкур кӯшиш ба харҷ дода, дар муддати кӯтоҳтарин баҳри хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, барқарор намудани хоҷагии аз ҷанг харобгашта тадбирҳои таъхирнопазир андешида, ба давраи бесарусомонӣ, кашмакашиҳо ва талошҳои беҳудаи ҳарисони мансаб, ки ба иродаи қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ такя доштанд, хотима гузошт.

Роҳбари давлат садоқату вофодориро ба ватану миллати хеш нишон дода, дар нахустин суханронии худ, содиқ буданашонро барои сулҳ, оромӣ ва пешрафту шукуфоии миллати тоҷик чунин баён доштанд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард». Инчунин қайд карда буданд, ки барои ба даст овардани ин мақсадҳо ҳатто омодаанд, ки ҷони худро нисор намоянд.

Қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳори ғояҳои сулҳхоҳона ва неки Сарвари нави давлат Эмомалӣ Раҳмон дар тафаккури ҳар як сокини солимфикри Тоҷикистон нақши бориз гузошта, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба корҳои нави созандагӣ ҳидоят ва орзуву ормони халқро ба бунёди давлати демократӣ, зиндагии судманду осоишта қавӣ намуда, боиси афзоиши боварии шаҳрвандон ба роҳбарияти нави давлат, муттаҳидии онҳо дар атрофи Пешвои миллат гардиданд. Иҷлосия ба дилшикастагӣ, рӯҳафтодагӣ ва нобоварии шаҳрвандон ба фардои худ хотима гузошта, дар дили мардум бедории миллиро ба миён овард.

Бояд гуфт, ки дар Иҷлосия маҷмуъан 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот, ба монанди қонунҳо дар бораи авфи умумӣ, гурезагон, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони хешро аз даст дода буданд, қабул карда шуд. Ҳамин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳидоятгари сокинони кишвар дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, бахшидани гуноҳони якдигар гардиданд. Орзуву омоли халқро ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташкили зиндагонии осоишта қавӣ намуда, боиси афзудани эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимияти конститутсионӣ гардид.

Иҷлосия рамзҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро низ аз нав муқаррар кард. Дар он қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон» ва «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда, ба Конститутсия дар бахши рамзҳои давлатӣ тағироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки пешрафти ҷомеа ва давлат, ҳаёти шоистаи зиндагии одамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон танҳо дар шароити сулҳи иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазиранд. Тоҷикон дар тӯли ин солҳо аз таҷрибаи талхи таърихи наздики худ ҳамеша ёдовар шуда, сулҳ ва ваҳдати миллиро чун неъмати бебаҳо пос медоранд. Таҳияи садҳо китобҳо ва мақолаҳои олимону муаррихон оид ба ин дастоварди бузурги таърихӣ имрӯз насли ҷавонро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намуда, барои онҳо беҳтарин раҳнамо мебошад.

Имрӯз дар як вақт таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвари мо басо рамзист. Маҳз ҳамин Иҷлосия буд, Пешвои муаззами миллатро рӯйи кор овард. Дар мавриди хизматҳои барои халқу давлати Тоҷикистон анҷомдодаи Пешвои миллат ҳар қадар, ки ҳарф занем, интиҳои гуфтор нопайдост.

Ин пайки наҷоти миллат тавонист бо манзур намудани барномаи муҳими давлати тозабарқарори тоҷикон бо роҳи равшану пойдор рӯнамоӣ кунад. Бо натиҷагирӣ аз авзои баамаломада, барқарор намудани маҷмӯи мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо, бахусус сохторҳои қудратӣ, хомӯш кардани ҷанг, баргардонидани гурезаҳо ба Ватан ва таҳкими пояҳои иқтисодии давлати фалаҷгардида муҳимтарин вазифаҳое маҳсуб мешуданд, ки дар барномаи азнавсозии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми меҳварӣ касб намуданд.

Баъди хотима додан ба низоъҳои дохилӣ ва баргардонидани гурезаҳо, таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ яке аз мушкилоти вақт дар он давра ба ҳисоб мерафт,  Дар доираи барномаи тарҳрезигардида бо мақсади раҳонидани аҳолӣ аз чанголи гуруснагӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ беш аз 50 ҳазор гектар замин ҳамчун заминҳои Президентӣ ба аҳолӣ тақсим карда дода шуд.

Талош барои эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва роҳ ёфтани кишвар ба харитаи ҷаҳонӣ аз муҳимтарин мақсад ва авомили муроҷиати Роҳбари кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор мерафт, ки воқеан дар фурсати хеле кӯтоҳ самараҳои матлуберо барои миллат насиб гардонд.

Ба поён расидани барномаи мукаммали сатҳи ҷаҳонӣ, аз қабили “Барномаи даҳсолаи амалиёт барои оби тоза”, ки солҳои 2005-2015 дар ҷаҳон бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат ҷараён гирифт, инчунин, истиқболи боз як ташаббуси Пешвои миллат таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал – “Об – барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, ба падидаҳои сиёсати умумибашарӣ роҳ ёфтани иқдомоти кишвар дар симои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун инсони хирадварз, бедордил, меҳанпараст ва дӯстдори халқ нахустин иқдоме, ки пеш гирифт, ин авфи умумӣ буд. Ин тадбир эътимод ва боварии мардумро боз ҳам бештар ба ояндаи дурахшон ва наздик омадани сулҳу оштии миллӣ тақвият бахшид. Маҳсули ин тафаккур ва андешаи хирадварзона дар сароғози марҳилаи соҳибистиқлолӣ батадриҷ рӯ ба хомӯшӣ расидани ҷанги бародаркуш ва натиҷаи сулҳу ваҳдати миллӣ гардид. Дар кӯтоҳтарин фурсат ин барнома бо талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат пиёда гардида, ҷомеаи Тоҷикистонро ҳамчун узви ҷудонопазир шинохт. Роҳбарони зиёди кишварҳои дунё ба таълимоти сиёсии сулҳофаринии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, татбиқи онро дар воқеияти бархӯрдҳои сиёсии ҷаҳони муосир таъсиргузор ва муфид арзёбӣ намуданд.

Ҳамин тавр, бо такя ба маҷмӯи барномасозие, ки дар паёмҳои Президенти мамлакат садо доданд, метавон Иҷлосияи  XVI  Шӯрои Олиро сароғози истиқлоли воқеии мамлакат арзёбӣ кард. Чунки дар меҳвари он барномаҳои рушду эъмори давлатӣ – таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҷойгоҳи мустаҳкам пайдо ва ба гунаи дигар солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат эълон гардид.

Маврид ба зикр аст, ки Президенти маҳбуби кишвар дар фурсати кӯтоҳ натанҳо хушбахтии зиёдеро ба ҳукми амал дароварданд, балки Тоҷикистонро беш аз ҳадди пешбиниҳо ба қаламрави саодат ворид намуда, ҳуҷҷати асолати миллиро ба дасти халқ супориданд. Вале то расидан ба соҳили мурод ва марзи ормонҳои халқ сангинтарин марҳилаҳоро паймуда, барои озодиву истиқлол, саодат ва пирӯзии миллат бар зулмот борҳо ҷони худро ба гарав гузоштанд.

Ин қадар хушбахтиву саодате, ки имрӯз мову шумо дорем, аз баракати ҳамин рӯзи саид ва натиҷаи заҳматҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Дар баробари пойтахти кишварамон дигар шаҳру ноҳияҳо босуръат симои худро дигар намуда истодаанд. Ноҳияи мо низ аз ин дастовардҳо бенасиб нест.

Чунончӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузор беш аз 370 иншоот бунёд ва навсозӣ гардида, оғӯши кӯҳҳои сарбарфалаккашидаро дар маҳалҳои аҳолиниши дурдаст ҳусни дигар бахшиданд.

Ҳоло омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бомаром идома дорад. Бо мақсади истиқболи шоистаи он  дар назар дошта шудааст, ки дар ноҳия боз 203 иншоот бунёд ёбад. Умуман, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия беш аз 700 иншооти муҳими хоҷагии халқ дар доираи нақшаи тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Бунёди иншоотҳое, ба монанди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва маҷмааи варзишии он, Коллеҷи тиббӣ бо хобгоҳаш, биноҳои прокуратура, нозироти андоз, филиали Тоҷиксуғурта, Маркази ташхиси минтақавии Рашт (Тоҷикстандарт), меҳмонхонаю ошхонаҳои замонавӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти давлатӣ, биноҳои нави соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, бинои чорошёнаи маъмурӣ, варзишгоҳи марказӣ, таъмиру барқарорсозии шоҳроҳи Душанбе – Рашт – Лахш, қасри фарҳанг, пули мошингузари байни деҳаҳои Мулло-Барот ва Ҳиҷборак, ки орзуи садсолаи деҳотиён буд, аз дастовардҳои беназири мо мардуми ноҳия дар ин даврон аст.

Ҳамин тариқ, новобаста аз вазъи ҷаҳони муосир дар заминаи татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаву канори ноҳия бунёди иншооти гуногун идома дошта, он дар рушду шукуфоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат хоҳад намуд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби муосири миллӣ ва дар маҷмуъ меъмори давлатдории навини тоҷиконро мебинанд ва сиёсати бунёдкоронаи ӯро ҷонибдорӣ намуда, пайи корҳои созандагию бунёдкорӣ камари ҳимат мебанданд.

Набояд фаромӯш кард, ки вазъи ноустувори сиёсии ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки ҳамеша истиқлолу озодии кишварру миллатро ҳифз намоем, саъю талоши худро ба хотири боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ равона созем. Ватанамонро обод ва давлатамонро неруманду пешрафта гардонем.

Дар замоне, ки Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони бисёр шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, баргузории Иҷлосияи  XVI  Шӯрои Олии Тоҷикистон ба тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯ барои аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани кишвар нақши ҳалкунанда бозид.

Бинобар ин, ҳар як сокини ноҳия онро бояд муқаддасу таърихӣ шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад.

Дар интиҳои сухан, аз фурсати муносиб истифода бурда, бори дигар ҳозирини гиромӣ ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми ноҳияро ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи  таърихии XVI  Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, тансиҳатию хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.