Дар ин чорабини намояндагони Шурои куҳансолони Ҳаракати вахдати милли ва эхёи Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ахли ҷамоатчиги иштирок доштанд.
Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба Рузи забони давлати дар мавзуи «Забон –рукни асосии давлатдори» чорабинии баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати милли ва эҳёи Тоҷиистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин донишҷуёну аҳли ҷамоатчигии ноҳия ширкат доштанд.
Нотикон дар баромадҳои худ қайд карданд, ки истиқлоли давлати кишвари азизамон дар посдории забони давлатӣ нақши арзанда дорад. Он забони модариро ба шоҳроҳи инкишоф бароварда, имконият фароҳам овард, то ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад, зеро забон дар ҳамаи давру замонҳо як рукни давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин боиси ифтихор аст, ки бо забони тоҷикӣ ҳазорон бузургмардон, аз ҷумла Рудакиву Фирдавсӣ, Шайх Аттору Ҳаким Саноӣ, Анварию Хоконӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар дурри сухан суфта, осори безаволу худро ба ояндагон мерос гузоштаанд, ки онро бе луғат мехонему мефаҳмем.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи чунин шахсиятҳои бузурги давлатию таърихӣ мебошанд, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти чумхурӣ дар рушду тараккӣ кардани забон дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар замони Истиқлоли давлати бо кӯшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд. Бо дарки муҳимтарин хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарии забон Роҳбари давлат онро ҳамчун рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф намуданд, ки аз азамату ҷалол ва иқтидору тавоноии забони тоҷики сарчашма мегирад.
Дар баробари ин, Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки ҳар шаҳрванди кишвар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ кӯшиш карда, падару модарон бояд ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш мебошад.