Маросими дафни аскар бо иштироки раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, дар Ҷамоъати деҳоти Ҳиҷборак.
Пеш аз маросими дафни Шарипов Абдуҷамил Идибекович раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, намояндаи Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси ноҳия Мурозода. Б С ва як қатор фаъолони касбу кори гуногун бо сокинони ноҳия бештар аз 2000 нафар ба гусели Писари Ватан ҷамъ омада буданд суҳбат ороста аз таҷовузкории мақомоти баланпояи Қирғизистон ва корнамоии афсарону сарбозон далеру ҷасури Тоҷикистон суҳбат оростанд.
Дар охир як гурӯҳ ҷавонони фаъоли ноҳия таҳти шиори
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Ҷасади марҳумро ба хок супурданд.