Дар ноҳияи Рашт конференсияи илми-назарияви дар мавзуи «Мактаби давлатдории Пешвои миллат» баргузор гардид. Дар кори он масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва устодони Донишкадаи омӯзгори дар назди иштирокчиён бо маърузаҳо баромад карданд.
Дар кори конференсияи илми- назарияви дар мавзуи «Мактаби давлатдории Пешвои миллат» намояндагони мақомоти маҳали, устодони Доникадаи омӯзгори, ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷамоатчиги иштирок доштанд.
Дар баромади худ раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Рахимҷон Набизода дар мавзуи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» қайд намуданд, ки барои ҳар як халқу кишвар соҳиб шудан ба истиқлолият кори саҳл набуда, ҳифз ва таҳкими он заҳмати зиёдеро тақозо мекунад. Ин аст, ки баргузории Иҷлосияи ХУ1-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 16 ноябри соли 1992 бо роҳбарии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон умеду орзуи мардумро ба фардои нек, сулҳу ваҳдат ва созандагиҳо дар кишвари азизамон заминаи боэътимод гузошт.
Ректори Донишкадаи омузгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, номзади илмҳои ҳуқуқшиноси, Раҷабзода Маҳмадёр Носир дар мавзуи « Нақши Пешвои миллат дар ташаккули сиёсати дарҳои кушод» баромад намуд. Мавсуф низоми сиёсии давлатдории «дарҳои кушод-ро оинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисоди ва фарҳангиву сиёси, барномаи мукаммал ва ҳаракати устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба суи ояндаи дурахшон маънидод кард. Маҳз ҳамин аст, ки мақому манзалат ва обруи Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллали хеле боло рафта, муносибатҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳои дунё сол то сол қавитар мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии у лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам дар пеши назари мардуми кишвар ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷоӣгоҳи мардумии худро ба таври табии дарёфтааст.
Дар баромади номзади илмҳои физикаю математика Олифтаев Нодир дар мавзуи «Накши пешвои миллат дар сиёсати давлатии ҷавонон» гуфта шуд, ки халқи тоҷик, бахусус ҷавонон, ки имруз пайравони Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳастанд, бояд дар атрофи ин фарзанди фарзонаи миллат муттаҳид гардида, баҳри пойдории сулҳу амният дар кишварамон талош намоянд.
Дар охир собикадори меҳнат, шоҳиди аслии корномаи Пешвои миллат Аъзамҷон Ҳасанов баромад карда, аз хотираҳои худ ба иштирокчиёни конференсия нақл карданд.