Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

  Сокинони нохияи Рашт 25-умин солгарди  Вахдати миллиро  бо рухияи баланди ватандусти ва  шукргузори аз  хаёти осоишта истикбол гирифтанд.  Дар   арафаи   чашни Вахдати милли дар худуди чамоатхои шахраку дехот  13 иншооти   таъиноти гуногун  ба истифода дода шуд.          

    Бо шарофати Истиклоли давлати Чумхурии Точикистон дар арафаи чашни   25-умин   солгарди Вахдати милли   дар   нохияи Рашт 13 иншооти  мухими    хочагии халк аз    кабили  4 маркази саломати,  2 китобхона,  марказхои     тичорати, сартарошхона,  дорухона,  ва дигар иншоот  аз хисоби маблагхои макомоти   махали, шарикони  сармоягузор    ва   сохибкорони    махали   сохта    ба истифода доданд.

     Бо максади боз хам     бехтар намудани  хизматрасонии тибби дар дехаи Калъаи шайх, Ниширён, Гарми боло бо дастгирии шарикони рушд бунгоххои тибби замонави бунёд шуда, хамзамон барои фаъолияти бонизоми табибон  муассисахои тибби   бо тамоми  тачхизоти  зарури таъмин шуданд.  Сохибкорони ватани  дар раванди корхои ободони фаъолона ширкат намуда, дар чамоати дехоти Калъаи сурх ду китобхона, марказхои тичорати ва дигар  иншооти   хаётан   мухими   хочагии    халкро  ба   истифода    доданд.

   Дар ин рузи муборак дар  шафати  мучассамаи Кахрамони халки точик  Нусратулло   Махсум   нишони   давлати    комат      афрохт.

     Баъдан, дар  толори Касри фарханг намоиши дастовардхои корхонахои саноати, хочагии  чангал,  хунармандони ташкилоту идорахо, муассисахои таълими ва косибони чамоатхои шахраку дехот   баргузор гардид. Намояндагони макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия ва дигар мехмонон  аз   намоишгох дидан карда, ба хунари   косибону  хунармандон бахои   баланд    доданд.

         Сипас,  бо ибтикори макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Рашт бахшида ба 25-умин солгарди  Рузи вахдати   милли    конференсияи илми-сиёси баргузор гардид.

   Дар  огози   чорабини нотикон  кайд  намуданд, ки мо точикон  давлати сохибистиклолу   ягонаи миллї  ва озоду демократии  худ -Точикистонро дорем, ки  дар  шароити  сулху  вањдати  милли бо   ќадамхои   устувор ба   шохрохи  рушду     таракки  пеш рафта истодаем.

    Аз    чумла, аз  Вахдат   то   Вахдат дар хаёти ичтимоию иктисодии нохияи  Рашт   пешравихои    азиме  ба амал  омад,  ки хамаи онро     мардум    аз баракати вахдати   милли ва истиклоли давлати  маънидод   мекунанд,  зеро давоми   бисту    панч  соли сипаришуда бо амали шудани    барномахои бунёдкоронаи  Хукумати   чумхурии Точикистон ва дигар  шарикони    рушд  садхо     иншооти  таъиноти гуногун   сохта ба    истифода   дода     шуданд.

      Мардуми нохияи Рашт   сиёсати созандаву   бунёдкоронаи    Давлату Хукумати    Чумхурии Точикистонро якдилона чонибдори намуда, бо њисси баланди   ифтихору саодатманди ва шукргузори аз рузгори тинчу осудаи тамоми  сокинони кишвари азизамон дар раванди корњои ободони   сањми   босазои худро   мегузоранд, то  дехаву    шахраки  нохия   ободу зебо  шуда,  сатхи  зиндагии    мардум  боз њам бехтару   хубтар  гардад.

       Дар ин рузи муборак аз чониби   макомоти   ичроияи хокимияти давлатии нохия ба як катор собикадорони мехнат барои хизматхои шоиста тухфахои моли супорида шуд.

    Бо максади шукуху шахомат бахшидани  тантанахои Рузи Вахдати миллї хунармандон   бо барномаи рангини худ саршор аз мухаббат ба ватани азиз      хотири  ахли   нишастро   шод карданд.