28-уми январи соли равон дар бинои Колеҷи тиббии ноҳия ҳамоиши гирандагони спендияи президентӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллатем” баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ гирандагони спендияи президентӣ аз ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Нуробод иштирок доштанд.
Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода вохӯриро кушода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давронро хушомадед гуфт.
Гуфта мешавад, ки дар соли ҷорӣ шумораи гирандагони спендияи президентӣ дар ноҳияи Рашт ба 43 нафар расидааст. Ҳамчунин ҳамасола танҳо аз ноҳияи Рашт 23 нафар тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил мешаванд.
Тавре шумо огоҳ ҳастед, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон фармудаанд, ки “Мо бо ҷаврнрни бо нангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонем”.
Ҳамин тавр дар ҳузури раиси ноҳияи Рашт ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи гирандагони спендияи проезидентӣ аз ноҳияҳои водии Рашт шаҳодатномаи гирандаи спендияи президентӣ ва маблағе, ки барои ҳар як моҳи онҳо дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқарар карда шудааст, барои моҳҳои сентябр, октябр, ноябр ва денкабр дар ҳаҷми 2000 сомонӣ супорида шуд.
Дар охири вохӯрӣ ҳаммаи гирандагони спендияи президентӣ аз ноҳияҳои водии Рашт, ки 117 нафарро ташкил медиҳад, минатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, дар симои ӯ ваъда додан, ки таҳсили хешро бо баҳои аъло давом медиҳем ва дар оянда ба ватани азизамон Тоҷикистон саҳмгузор мешавем.