Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 дар ноҳияи Рашт

22.09.2021 08:23, ноҳияи Рашт

22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияҳои води Рашт дар деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи деҳаи Шулеи ноҳияи Рашт муассисаи таҳсилоти рақами 35-ро, ки дар майдони умумии 720 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ба истифода доданд.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Файзиддин Зиёвудинов бунёд шудааст.

Сохтмони бино моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида, сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расидааст.

Дар ошёнаи якуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35, 6 синфхона, ошхона, ҳуҷраи омӯзгорон, ҳуҷраи кории директор, лабараторияи кимиё ва физика ва дар ошёнаи дуюми он 5 синфхона ва ду синфхонаи компютерӣ, толори маҷлисгоҳ бо 135-ҷойи нишаст, китобхона ҷойгир мебошад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 барои 340 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Муассисаи мазкур бо мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ таъмин мебошад.

Бо бунёд гардидани чунин як иншооти муосири таълимӣ 10 нафар омӯзгорони маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо омӯзгорону хонандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро барои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва омухтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд.

http://www.president.tj/node/26645