Хабарҳо Ҳисоботҳо

Ҳисоботи Раиси ноҳияи Рашт оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар ёздаҳ  моҳи  соли 2019

      Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рашт ҷиҳати таъмини иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро равона намудааст.

Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2019 гувоҳи он аст, ки меҳнаткашони ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар ҳаёт татбиқ  намуда, ҷиҳати дар  соли 2019 ба даст овардани нишондиҳандаҳои  назаррас саъю кўшиш намуда истодаанд.

Иҷрои буҷет

Нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби  буҷети ҷумҳуриявӣ 62 млн. 620 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, 61 млн. 399,4  ҳазор сомонӣ, ё  98 фоиз иҷро гардид.

Аз ҳисоби  даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо ба андозаи 104,1 фоиз иҷро шуда, ба буҷет  21  млн. 766 ҳазор   сомонӣ дохил гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 855,8 ҳазор сомонӣ зиёд  мебошад.

Маблағҳои мақсаднок ва ҳисоббаробаркунӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 95 фоиз, яъне  39  млн. 288 ҳазор  сомонӣ ворид карда шудаанд,  ки нисбат ба нақша 2 млн. 77,1  ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки уҳдадориҳои андозӣ дар ноҳия (бо назардошти андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ) дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар моҳи ноябр ба андозаи 139,8 фоизи нақшаи моҳона иҷро карда шуда, иҷроиши нақшаи 11 моҳа сифатнок ва ба андозаи 100,7 фоиз таъмин гардид. Тибқи таҳлилу тадбирҳои андешидашуда иҷрои нақшаи солонаи воридоти андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар ноҳия ба андозаи 100 фоизи нақша ва босифат таъмин карда мешавад.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия ба 58 млн. 556 ҳазор сомонӣ баробар буда, 92  фоизи нақшаро ташкил медиҳад ва нисбат ба нишондоди ҳамин давраи  соли 2018 ба маблағи 4 млн. 569,5  ҳазор  сомонӣ афзудааст.

Сабабҳои асосии таъмин нагардидани нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия, ин пурра ворид нагардидани маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ,  ҷой доштани воҳидҳои кории холӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва худдорӣ намудан аз маблағгузории хароҷотҳои дуюмдараҷа мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия афзалият ба хароҷотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, беш аз 51  млн. 753 ҳазор   сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба ин соҳаҳо равона  гардид, ки 89 фоизи хароҷотҳои буҷети маҳаллии ноҳияро ташкил менамоянд.

Дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз ҳисоби пардохти музди меҳнат қарздорӣ мавҷуд нест.

Рушди иқтисодии ноҳия

Ҳаҷми умумии  истеҳсоли маҳсулот 611 млн. 949,3  ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45 млн. 448,7  ҳазор сомонӣ ё 8  фоиз зиёд гардидааст. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 50  млн. 322,6  ҳазор   сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21  млн. 684,4  ҳазор сомонӣ ё  75,7  фоиз зиёд мебошад.

Гардиши чаканаи мол 78  млн. 758,7  ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  6 млн. 216,2  ҳазор  сомонӣ ё 8,5  фоиз зиёд мебошад.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Барои рушди соҳибкории хурду миёна аз ҷониби шуъбаҳои бонкии дар ноҳия амалкунанда ба маблағи  8  млн. 713,1 ҳазор сомонӣ қарз дода шудаааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 1 млн. 718  ҳазор сомонӣ зиёд, ё 24,6   фоиз   афзудааст.

Ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар фаъолиятдошта 33  млн. 159,2   ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. 441 ҳазор  доллари ИМА ё  11,6   фоиз зиёд  аст.

Дар ин давра дар ноҳия 89 субъекти соҳибкории навфаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд.

Кишоварзӣ, истифодабарии замин ва ҳолати мелиоративии заминҳо

Дар ноҳия 2935 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ  фаъолият менамояд. Дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 73  га боғҳои нав бунёд ва дар майдони  213  га боғҳои куҳна барқарор карда шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 7278  га кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шудааст, ки нисбати соли гузашта 249 гектар зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 400  млн. 341 ҳазор сомониро ташкил намудааст,  ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6 млн. 937  ҳазор  сомонӣ  зиёд ва суръати афзоиш 101,8  фоизро ташкил медиҳад.

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 1312 га кишти картошка гузаронда шуд, ки ин нисбат ба нақшаи соли гузашта 107 га зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли картошка ба 46028 тонна, ғалладонагӣ ба 5891 тонна, сабзавот 10515 тонна, мевагӣ ба 18075 тонна ва хӯроки чорво ба 82955 тонна расонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 истеҳсоли картошка 1373 тонна, ғалладонагӣ 31 тонна, сабзавот 98 тонна, мевагӣ 57 тонна ва хӯроки чорво 1795 тонна зиёд мебошад.

Ҷиҳати беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда як қатор корҳо ба анҷом расонда шуд. Аз ҷумла, дар мавзеи «Дашти беоб»-и Ҷамоати  деҳоти Ҳоит 1,2 км қубурҳо хобонда шуданд, ки   маблағи корҳои ба анҷом расондашуда, 1 млн. 300 ҳазор сомониро ташкил  мекунад.

Аз ҳисоби маблағҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмиру барқарорсозии каналу пойгоҳҳои обкашии ҳудуди ноҳия дар ҳаҷми 187 ҳазор сомонӣ маблағҳо ҷудо карда шуданд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ясман канали «Ҳисорак-2» ба масофаи 8 км ва канали “Ҳисорак-1” ба масофаи 6 км,”Қарашаҳр-1” ва “Қарашаҳр-2” ба масофаи 10 км бо ҷалби соҳибкорон  ва обистифодабарандагон таъмир карда шуданд.

Инчунин, пойгаҳи обкашии «50 – солагии Тоҷикистон» дар Ҷамоати деҳоти Навдӣ, ки солҳои дароз аз истифода берун монда буд, таъмир карда шуда, масоҳати 250 га замин  бо оби полезӣ таъмин гардид.

Ғайр аз ин, бо дастгирии худи обистифодабарандагон наҳрҳои Сари Шӯхон ва Зуҳбед дар Ҷамоати деҳоти Аскалон, наҳрҳои Шӯрак ва Яхакпаст дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ва наҳри Қамбариён бо пойгоҳи обкашиаш дар Ҷамоати деҳоти  Қалъаи Сурх аз таъмири ҷорӣ ва капиталӣ бароварда шудаанд.

Бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва аҳолӣ марҳилаи якуми сохтмони канали “Камчароғ” дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх идома дошта, бо ба истифода супоридани он зиёда аз 100 га заминҳо обёрӣ карда мешаванд.

Ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор 75600 сар, моли майда 166496 сар, асп 1486 сар, мурғ 117554 сар ва оилаи замбӯри асал 21122 оиларо ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта чорвои калони шохдор 3544 сар, моли майда 6826 сар, асп 28 сар, мурғ 3157 сар ва оилаи замбӯри асал 163 оила зиёд шудааст.

Истеҳсоли гўшт ба 2979,9  тонна, шир ба 6599,8 тонна,  тухм ба 9 млн. 513,4  ҳазор дона, пашм ба 66,5  тонна, асал ба 526,3  тонна ва пилла 20,3 тонна расонда шуд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта  гўшт 5  тонна, шир  34,3 тонна, тухм 1,1 ҳаз. дона, пашм 1,1  тонна, асал  34 тонна  ва пилла 0,3 тонна зиёд  мебошад.

Энергетика ва саноат

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳия 50 млн. 322,5 ҳазор   сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21  млн. 684,4  ҳазор сомонӣ, ё  75,7  фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра дар умум ба маблағи 13  млн. 324 ҳазор сомонӣ қувваи барқ истифода шуда, пардохти он 9 млн. 946,5  ҳазор сомониро ташкил намуд, ки 74,7  фоизи барқи истифодашударо дар бар мегирад. Аз ҳисоби аҳолӣ бошад, 8  млн  613,7  ҳазор сомонӣ истифода шуда, пардохти он дар ин давра 6  млн. 328,7  ҳазор сомониро дар бар мегирад, ки 73,5  фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти имконияту захираҳои мавҷудбудаи маҳсулоти аввалия, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва сармояи хориҷӣ дар давоми солҳои 2019-2021 бунёди 12 ва то соли 2025 бунёди 22 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади банақшагирии дурусти ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ барои солҳои 2025-2030 корҳои омӯзишӣ ва таҳлилӣ идома дорад.

Аз шумораи корхонаҳои зикргардида сохтмони корхонаҳои мебелбарорӣ дар маҳаллаи Сомониён ва дӯзандагӣ дар кӯчаи Эмом Муҳиддинови шаҳраки Ғарм ба анҷом расонда шуда, корҳои сохтмонӣ ва ҳуҷҷатгузории корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал) дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм ва деҳаи Санги маликии Ҷамоати деҳоти Б. Раҳимзода, инчунин корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар мавзеи Бини Сӯфиёни Ҷамоати деҳоти Н. Махсум дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Нақлиёт

Барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ҳудуди  ноҳия дар ҳаҷми 429  ҳазору 200  сомонӣ маблағ, сӯзишворӣ ва масолеҳу қисмҳои эҳтиётӣ ҷудо гардидааст.

Аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар роҳҳои ҳудуди ноҳия корҳои тоза намудани роҳҳои автомобилгард аз барф бо автогрейдер дар масофаи 3773 км, кашондан ва пошидани маводҳои зиддилағжишӣ дар ҳаҷми 720 тонна, тоза кардани ҷӯйборҳои  канори роҳ ва қубурҳо дар ҳаҷми 2390 метри мукааб, тоза кардани ҷӯйборҳои канори роҳҳо 1004 метри тӯлонӣ, тоза кардани 16 қубури обгузар, гузоштани аломатҳои роҳ 20  адад, сохтани садди муҳофизатӣ 5200 метри мукааб, кашидани хатҳои уфуқӣ ба масофаи 20 км  ва бо дастгирии соҳибкорон асфалтпўш  кардани зиёда аз 22 километр роҳҳои маҳаллӣ ба анҷом расонда шуданд.

Ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 аз ҷониби Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар ҳаҷми 490 метри мукааб маводҳои зиддилағжишӣ, 2200 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шуда, техникаҳои роҳдорӣ ба ҳолати омодагӣ оварда шудаанд.

Меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дар Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи  Рашт  зиёда аз 1764  шаҳрванд муроҷиат намудааст, ки аз ин 552  нафар ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта шуда, 300  нафар, аз ҷумла 122 нафар духтарон  ба филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт ба курсҳои кўтоҳмуддати дўзандагӣ, омўзиши компютер, устои автомобил, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ равона карда шуда,  420  нафар дар соҳаҳои гуногун  ба кор таъмин гардидаанд.

Аз ҷониби филиали Муассисаи давлатии «Маркази  таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт 37  гурўҳҳои омўзишӣ бо фарогирии 668  касбомўз ташкил карда шудааст. Аз ин шумора 21  гурўҳ бо фарогирии 300   касбомўз, аз ҷумла 122  нафар занон аз ҳисоби барнома ва 16 гурўҳ бо фарогирии 185 нафар, аз ҷумла 59  нафар занон ба тариқи худмаблағгузорӣ ба омўзиш ҷалб гардидаанд. Дар ин давра 183  нафар, аз ин 49 нафар занон ба шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта  шудаанд.

Муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони дар хориҷи кишварбуда 9218  нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 745 нафарашон занон мебошанд. Шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба аввали сол 553  нафар кам шудааст.

Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 894,3 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 79 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 9,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия 8332 нафар нафақахўрон ба қайд гирифта шуда, нафақапулиҳои моҳҳои январ – октябр ба пуррагӣ пардохт гардида, нафақаи моҳи ноябр то саннаи 15 декабр маблағгузорӣ карда мешавад. Нафақаи миёна дар ин давра 286 сомониро ташкил медиҳад.

Тандурустӣ, кор бо занон ва оила

Барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ 1 беморхонаи марказӣ, 4 беморхонаи минтақавӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 19  маркази саломатии деҳотӣ, 51 хонаи саломатӣ, 8 маркази барномаҳои миллӣ, 1 шуъбаи ёрии таъҷилӣ  фаъолият бурда, дар онҳо 139  табиб ва 463  корманди миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Инчунин, диспансери байниноҳиявии бемориҳои руҳӣ ба беморони минтақа хизмати тиббӣ мерасонад.

Ҷиҳати пешгирӣ намудани паҳншавии  бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, сил, гепатити С масъулини соҳа дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои профилактикӣ ва ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монда, аҳолии ҷамоатҳои шаҳраки Ғарм ва Навобод, ҷамоатҳои деҳоти Нусратулло Махсум, Ҳоит ва Ясман ройгон аз ташхиси тиббӣ бархурдор гардиданд. Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия  200 975 муроҷиатҳо ба қайд гирифта шудаааст.

Фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рў ба беҳбудӣ оварда истодааст. Дар ноҳия 6 муассисаи госпиталӣ фаъолият дорад, ки дорои 366 кати бистарӣ мебошанд. 5012  нафар дар муассисаҳои госпиталии ноҳия бистарӣ шуда, саломатии худро барқарор намуданд.

2934   таваллуд ба қайд гирифта шудааст, (ёздаҳ  моҳи  соли 2018 -2876), таваллуди беморхонагӣ   2357   нафар  80,3 %  фоиз (ёздаҳ  моҳи  соли 2018 – 2216 – 77%) ва таваллуди хонагӣ 577  нафар 19,7  фоиз ( ёздаҳ  моҳи  соли 2018 – 660 нафар – 23%)- ро ташкил медиҳад.

Нақшаи маблағҳои ҳампардохти муассисаҳои КАТС 211459  сомониро ташкил медод, ки иҷроиши он 214653  сомонӣ ё 101,5%-ро дар бар мегирад. Нақшаи ҳампардохт дар беморхонаи марказӣ бошад,  476 665  сомониро ташкил медод, ки иҷроиши он  460 527  сомонӣ ё ин, ки 96,6 %-ро  дар бар мегирад.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва  шарикони рушд як дастгоҳи рентгенӣ-рақамӣ ба Беморхонаи марказии ноҳия дастрас карда шуд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар деҳаи Варзигони Ҷамоати деҳоти Б. Раҳимзода ва деҳаи Амирбеги Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх биноҳои нави хонаҳои саломатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Инчунин, аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи тандурустии ноҳия ба маблағи 906 ҳазор сомонӣ таҷҳизотҳои тиббӣ дастрас карда шуд.

Шумораи умумии занон дар ноҳия 63 ҳазору 680 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 33  ҳазору 734 нафарашон қувваи қобили меҳнат мебошанд. Аз ин шумора дар соҳаи тандурустӣ 430, соҳаи маориф 366, соҳаи фарҳанг  60 ва рушди соҳибкории хурду миёна 71 зан кору фаъолият дорад. Теъдоди мутахассисони роҳбарикунанда аз ҷумлаи занон ба 192 нафар расидааст. Инчунин, 9 нафар зан ҳамчун вакил дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳуқуқҳои интихобкунандагонро ҳимоя мекунанд.

Дар ноҳия 4  корхонаи дузандагӣ – корхонаи дўзандагии  “Чевар-2014”, «Бону-2014», «Зуҳал-2014» ва “Субҳи Рашт”, ки дар арафаи  ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид,  фаъолият доранд,  ки дар онҳо 48  нафар занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Маориф ва илм

Дар ноҳия 113 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 28267  хонанда, ки 13638   нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, фаъолият мекунанд. Ба хонандагон  1636 омўзгор, ки аз ин 380  нафарашон занон мебошанд, таълим медиҳанд. Ҳамзамон, дар ноҳия 1 мактаб интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятим бо фарогирии 180 тарбиятгиранда, 1 интернати наздимактабӣ бо фарогирии 50  тарбиятгиранда, 2 боғчаи бачагона бо фарогирии 160 тифлакон ва 46 Маркази инкишофи кўдакони синни томактабӣ бо фарогирии 1026 нафар  амал карда истодаанд, ки нисбат ба соли гузашта 6 марказ ва 90 нафар зиёд мебошад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 819 компютер, 186 принтер, 12 тахтаи электронӣ, 21 видиопроектор ва 71 генератор мавҷуд мебошад.

Дар асоси протоколи вохўрии раиси ноҳия  бо кормандони соҳаи маориф аз 9 марти соли 2019 нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи ноҳия тасдиқ карда шуда, иҷроиши бандҳои он зери назорати роҳбарияти шуъбаи маориф қарор дорад. Дар ин асос  муайян карда шуд, ки айни замон 220   омўзгор ғайриихтисос ба шогирдон дар муассисаҳои таълимии ноҳия дарс мегузарад. Барои бартараф намудани камбудии ҷойдошта 42 омўзгор бо роҳхати шуъбаи маориф ба шуъбаҳои ғоибонаи ДОТ дар ноҳияи Рашт сафарбар карда шуд. Аз шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии  кишвар дар риштаи омўзгорӣ, ки 117 нафар бояд ҳозир мешуд, то имрўз 70 нафар ба ҷойи кор ҳозир шудааст.

Айни замон норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 54 нафарро ташкил медиҳад.

Чиҳати ҷалби хонандагон ба омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, инчунин фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои иловагӣ ба роҳ монда шуд.

Дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф аз ҳисоби омўзгорони соҳибтахассуси забони русӣ, ки аз Федератсияи Россия ба донишкадаи омўзгорӣ омадаанд, дарсҳо ва маҳфилҳои иловагӣ ташкил карда шуд.

Дар ин давра 43381 адад китобҳои дарсӣ аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуда, ба маблағи 739 ҳазор сомонӣ маблағи китобҳо ба суратҳисоби махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шудааст. Дар  ин давра 170  омўзгор аз курсҳои такмили ихтисос гузаронда шуд.

Бо ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми сафари кориашон ба минтақаи Рашт рӯзҳои 24-26 июни соли ҷорӣ, барои ҷавонони ноҳия 88 адад квотаҳои президентӣ ҷиҳати таҳсил намудан дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ҷудо гардида, тибқи Маркази миллии тестӣ 621 нафар ба макотиби олӣ ва миёнаи касбӣ дохил гардидаанд, ки аз ин 132 нафарашон духтарон мебошанд.

Дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва ҷалби маблағҳои соҳибкорону аҳолӣ дар назди 6 муассисаи таълимӣ биноҳои наву замонавӣ барои 1504 ҷойи нишаст дар ду баст ва дар назди 6 муассисаи таълимии дигар 14 синфхонаи иловагӣ  мавриди истифода қарор дода шуда, дар назди 6 муассисаи таълимӣ сохтмони биноҳои нави таълимӣ идома дорад. Дар ин замина,  2 муассисаи таҳсилоти асосӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуданд.

Фарҳанг

Дар ноҳия 64 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 13 хонаи фарҳангӣ, 3 клуб, 40 китобхона, 1 мактаби мусиқӣ, 2 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, филармонияи халқӣ, театри халқӣ, осорхонаи назди бахши фарҳанг, 2 ёдгории таърихии монументалӣ амал намуда истодаанд.

Иштироки кормандони бахш дар баргузории чорабиниҳои Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврўз, таҷлили ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, таҷлили ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   назаррас мебошад.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ҳунарманди ҷавони ноҳия Шаҳло Ҳафизова дар номинатсияи “Сарояндаи анъанавӣ” сазовори ҷойи дуюм ва бо маблағи 20 000 сомонӣ қадрдонӣ гардид.

Дар даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” аъзои китобхонаи бачагонаи шаҳраки Ғарм, хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 Мафтунаи Тавакалӣ ғолиб омада, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони китобхонаҳо дар деҳаҳои Қазноқи Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум, Қалъаи Сурхи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ва Варзигони Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода идома дошта, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии маркази ноҳия таъмир ва барқарорсозӣ карда шуда, аз тарафи ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо 50 ҳазор дона гулҳо гулгаштҳо бунёд гариданд.

Дар ноҳия фарогирии барномаҳои телевизионии:

– “Шабакаи аввал” (ТВТ) 97,8 фоиз;

– «Сафина» (ТВС)  92 фоиз;

– “Ҷаҳоннамо” 83,4 фоиз;

– «Баҳористон» 84,6 фоиз;

– Шабакаи барномаи якуми радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 шабакаи барномаи дуюми радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, як шабакаи радиои «Фарҳанг» дар истифодаи аҳолии ноҳия қарор доранд.

Ҷашну маросимҳои миллӣ

Айни замон дар ҳудуди ноҳия 91 ташкилоти динӣ, аз ҷумла 1 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 5 масҷиди ҷомеъ, 85 масҷиди панҷвақта фаъолият менамояд.

Дар ин давра дар ноҳия 1219 маърака, аз ҷумла 1074 маъракаи туйи домодию арусӣ, 101 маросими чил ва 44 маъракаи сол ба қайд гирифта шудаст.

Хароҷоти умумии дар баргузории маъракаҳои туйи домодию арусӣ сарфшуда 4  млн. 354,2 ҳазор  сомониро ташкил медиҳад.

Вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 7  ҳолат ба қайд гирифта шуда, нисбати вайронкунандагони талаботи қонуни мазкур протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар ҳаҷми 35500 сомонӣ ҷарима муқаррар ва ба фоидаи давлат рӯёнда шуд.

84 нафар сокинони ноҳия дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таълим мегирифтанд, ки аз ин 45 нафар то дастур ва 35  нафар баъд аз интишори дастури Сарвари кишвар ба Ватан баргардонда шуданд. Барои ба Ватан баргардонидани 4 нафари боқимонда  тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Варзиш, ҷавонон ва туризм

Шумораи ҷавонон дар ноҳия 52800 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ноҳия 113 иншооти варзишӣ, 2 варзишгоҳ, 1 маҷмааи варзишӣ,  80 майдончаи варзишӣ, 23 толори варзишӣ, 5 ҳавзи шиноварӣ, 1 мактаби варзишӣ бо теъдоди 17 нафар мураббӣ ва 338 нафар машқварзон (20 нафар бонувон) фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ 16  мусобиқаи варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ, 25 мусобиқаи сатҳи минтақавӣ, 114  мусобиқаи сатҳи ноҳиявӣ гузаронда шуда, ҷавонони ноҳия дар сатҳи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 12 медали тилло, 41  медали нуқра, 51  медали биринҷиро  сазовор гардиданд.

Сохтмони  майдончаҳои варзишии ҳозиразамон вусъат гирифта, аз ҷумла як майдончаи варзишии ҳозиразамон дар кўчаи Сомониёни шаҳраки Ғарм бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар масоҳати 0,25 га ва як майдончаи варзишии ҳозиразамон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар деҳаи Навдии Ҷамоати деҳоти Навдӣ дар  арафаи ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ ба истифода дода шуд. Дар арафаи ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 майдончаи варзишии ҳозиразамон дар деҳаҳои Зарангаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак, Қалъаи Сурхи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх, Шулеи Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода ва кӯчаи И. Сомонии шаҳраки Ғарм  аз ҳисоби соҳибкорон сохта ба истифода дода шуданд. Сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар кўчаи Э. Муҳиддинови Ҷамоати шаҳраки Ғарм аз ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дар деҳаи Шулонаки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх аз ҳисоби соҳибкорон дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бо мақсади таблиғи имкониятҳои сайёҳӣ сомонаи ноҳия таҳия гардида, маводҳои иттилоотии сайёҳӣ тавассути он пайваста нашр карда мешаванд. Дар баробари ин, таблиғи мавзеъҳои сайёҳии ноҳия тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст, инчунин бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа ва муайян намудани имкониятҳои сайёҳӣ бо қарори раиси ноҳия аз 1 июни соли 2018, № 365 “Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2018-2020” қабул гардидааст.

Ҷиҳати иҷрои банди 3 Нақша – чорабиниҳо бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, № АП-1170 тасдиқ гардидааст, харитаи сайёҳии ноҳия омода карда шуда, дар яке аз мавзеъҳои сайёҳӣ, Чашмаи шоирон воқеъ дар даромадгоҳи ноҳия насб карда шуд.

Айни замон дар ноҳия 3 меҳмонхона, 2 ҳомстей, 1 гестҳавз (меҳмонхонаи хурд),  20 ошхонаю тарабхона, 2 осорхона, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 боғи ботаникӣ-фарҳангӣ, 7 нуқтаи хӯроки тезтайёр, 1 маркази итилоотӣ, 1 маркази ҳунармандию фурўши армуғонҳои миллӣ ва 1 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки дар рушди сайёҳӣ  заминаи мусоид мегузоранд.

Барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ пеш аз ҳама лозим омад, ки мавзеъҳои сайёҳии ноҳияро муаррифӣ намоем. Айни замон дар ноҳия 6 хатсайри сайёҳӣ “Душанбе-Рашт-дараҳои Ҷафр-Камароб”, “Душанбе-Рашт-дараҳои Ҷафр-Ҳоит”, “Рашт-дараҳои Камароб-Тагоба”, “Рашт-дараи Ҷафр”, “Рашт – Ҳоит” ва “Рашт – Шамар” ташкил карда шуда, пайваста тавассути рўзномаю маҷаллаҳо ва шабакаҳои телевизионӣ таблиғ карда мешаванд.

Барои амалӣ намудани хатсайрҳои таҳиягардида аз ҷониби бахши рушди сайёҳии ноҳия дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии “Ҷавоҳир – сайр” 26 нафар роҳбаладон омода карда шуданд.

Ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамкорӣ бо шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, Сафина, Ҷаҳоннамо ва Синамо 5 барномаи махсус ва 6 адад ролику лавҳаҳои иттилоотӣ омода карда шуда, пайваста намоиш дода мешаванд.

Дар баробари ин, таблиғи мавзеъҳои сайёҳии ноҳия тавассути рўзномаю маҷаллаҳо низ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.

Дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ба ноҳия 2273 нафар сайёҳон, аз ҷумла 2009 нафар сайёҳони дохилӣ ва 264 нафар сайёҳони хориҷӣ ворид гардидаанд. Санаи 8 июни соли равон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 22  солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳия Конференсияи митақавии сайёҳӣ таҳти унвони “Ваҳдату суббот – заминаи мусоиди рушди сайёҳӣ” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, муовинони раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳибкорону фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Ба шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия 298 мактуб аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 64 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 38 Протоколи маҷлиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 129 нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 гузориш аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 нақша – чорабиниҳо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 аризаи шаҳрвандони ноҳия, ки  ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, 10 фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 Нақшаи корӣ,  7 Қонун, 1 барқия,  2 Суратҷаласа  ва  1 Қонуни кониститутсионӣ ворид гардидаанд.  Инчунин, 546 мактуб аз Вазорату Кумитаҳои ҷумҳуриявӣ, 1817 мактуб аз ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ворид шудааст.

Дар ин давра  722 мактуби раиси ноҳия ба мақомотҳои болоӣ, ҷамоатҳо ва ташкилоту муассисаҳо  ирсол шуда, 398 қарор, 238 амри раиси ноҳия  ва 118 протоколи маҷлисҳои васею вохўриҳои раиси ноҳия бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия  ба тасвиб расидаанд.

Ба шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт 1776 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора  1173  ададаш мутаалиқ ба рўзи қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси ноҳия мебошанд.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳои шаҳрвандон 793  ададаш оид ба таъмин намудан  бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 119 адад бобати ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ, 7 адад ташкили хоҷагии ёрирасон,  109  адад ҷиҳати таъмин намудан бо шаҳодатномаи ҳуқуқи  истифодаи замин, 88 адад оид ба фаъолияти соҳибкорӣ, 44 адад оиди қабули иншоот,  133  адад доир ба сафари Ҳаҷ-2019, 243  адад ҷиҳати расонидани кумаки молиявӣ ва  240 адади  дигар масъалаҳои гуногунро дарбар мегиранд.

Аз 2 майи соли 2014, № 409 қарори раиси ноҳияи Рашт «Дар бораи маблағгузорӣ ва пардохтҳо барои додони ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба шахсони ҳуқуқӣ  ва соҳибкорни инфиродӣ  дар ноҳияи Рашт» ба тавсиб расид. Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 аз ҳисоби аризаҳо ва қарорҳои батасвибрасида ба буҷаи ноҳия ба маблағи  7855  сомонӣ ворид карда шуд. Муроҷиатҳои шаҳрвандон умуман оиди гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ мебошанд. Дар ҷамоатҳое, ки фонди тақсими замини наздиҳавлигӣ мебошад, муҳтоҷон ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда мешаванд.

Иҷрои Нақшаи чорабиниҳо доир ба ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷиҳати иҷрои  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 № АП-1059 оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 июни соли 2018, № 372 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018-2021  таҳия ва тасдиқ карда шуда, бо қарори раиси ноҳия аз 1 июли соли 2019, № 264 ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд ва корҳои ободонию созандагӣ дар ин самт бомаром идома доранд.

Нақша-чорабиниҳои таҳиягардида аз 274 банд, аз ин 19 банд аз чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва 255  банд аз бунёди иншоотҳои таъиноти гуногун иборат аст, ки соли 2018 ва 10  моҳи соли 2019  аз ин шумора  141 иншоот,  дар арафаи ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, 8 иншооти дигар  рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Аз ҷумла, дар рўзҳои ҷашни 22 солагии Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супоридани 8 иншоотҳои таъиноти гуногун ва гузоштани санги асос барои 2 иншоот воқеаи хотирмон дар ҳаёти ҳар як шаҳрванди ноҳия буда, аз мардуми ноҳия боз ҳам масъулияти баландро барои бештар саҳмгузорӣ намудан дар раванди корҳои ободонию созандагӣ талаб менамояд. Дар 33 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Аз ин шумораи  255 иншоотҳои ба нақша гирифташуда, 52  иншоот ба соҳаи маориф, 27 иншоот ба соҳаи варзиш, 36 иншоот оиди таъмир ва барқарорсозии роҳҳо, 19 иншоот сохтмони биноҳои маъмурӣ ва фарҳангӣ, 22 хатҳои оби нўшокӣ ва чоҳҳои амудӣ, 32 биноҳои маркази савдо, меҳмонхона, таваққуфгоҳ, нуқтаҳои хизматрасонии техникию фурўши сўзишворӣ, 12 корхонаи нави истеҳсолӣ, 14 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 10 иншоот ба соҳаи кишоварзӣ, 26 иншоот соҳаи иҷтимоӣ ва 4 лоиҳа ба соҳаи барқтаъминкунӣ тааллуқ доранд.

Тибқи Нақша-чорабинии мазкур ҷалби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ (12 иншоот), буҷети маҳаллӣ (10 иншоот), маблағгузории якҷоя аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳмгузории бахши хусусӣ (32 иншоот), шарикони рушд (17 иншоот) ва бештар ҷалб намудани маблағҳо аз ҳисоби бахши хусусӣ ва соҳибкорон (176 иншоот) пешбинӣ  шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки саҳми соҳибкорони ноҳия дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби онҳо зиёда аз 22 км роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Навдӣ (1 км), Аскалон (3,5 км), Б. Раҳимзода (16км), маҳаллаи Рашти Ҷамоати шаҳраки Ғарм (1 км) ва шаҳраки Навобод (0,5 км) асфалтпӯш карда шуданд. Инчунин, дар ин давра аз ҷониби соҳибкорон ва саҳмгузории бахши хусусӣ 5 майдончаи варзишии замонавӣ, 7 чоҳи амудӣ ва 4 хати оби нӯшокӣ, 3 бинои нави таълимӣ, 1 беморхонаи хусусӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ,     8 лоиҳаи чароғонкунии кӯчаҳо ва кашидани хати барқ ва 11 маркази савдову хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти имконияту захираҳои мавҷудбудаи маҳсулоти аввалия, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва сармояи хориҷӣ дар давоми солҳои 2019-2021 бунёди 12 адад ва то соли 2025 бунёди 22 адад  коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади банақшагирии дурусти ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ барои солҳои 2025-2030 корҳои омӯзишӣ ва таҳлилӣ идома доранд.

Аз шумораи корхонаҳои зикргардида дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ сохтмони корхонаҳои мебелбарорӣ дар маҳаллаи Сомониён ва дӯзандагӣ дар кӯчаи Эмом Муҳиддинови шаҳраки Ғарм ба анҷом расонда шуда, корҳои сохтмонӣ ва ҳуҷҷатгузории корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал) дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм ва деҳаи Санги маликии Ҷамоати деҳоти Б. Раҳимзода, инчунин корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар мавзеи Бини Суфиёни Ҷамоати деҳоти Н. Махсум дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина таъмини рушди бомароми иҷтимоию иқтисодии ноҳия фаъолияташро равона менамояд.