18 декабри соли равон дар деҳаи Миртоби Ҷамоати деҳоти Ҳоит сохтмони фермаи чорвопарварӣ барои парвариши 150 сар чорвои калони шохдор ва 300 сар бузу гӯсфанд аз тарафи соҳибкор Мирзобек Вазиров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар сохтмони фермаи мазкур ҳоло 58 сар чорвои калони шохдор ва 200 сар бузу гӯсфанд ба парвариш фаро гирифта шуда, ба наздикӣ 63 сар чорвои калони шохдори дигар фаро гирифта мешавад.
Гуфта мешавад, бинои фермаи чорвопарварӣ дар ҳаҷми 850 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар ошёнаи якуми он чорво парвариш меёбад ва дар ошёнаи дуюм хӯроки чорво захира карда мешавад.
– Фермаи чорвопарварии хоҷагии деҳқонии Миртоб бо мақсади истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти ширӣ ташкил гардида, дар он беш аз 10 нафар шахсони корҷӯй ба ҷойи кор таъмин мешаванд. Ҳамчунин, дар назар аст, ки оянда фермаи мурғи марҷонпаривариро низ дар назди ин хоҷагии деҳқонӣ таъсис диҳем, – гуфт дар хотимаи суҳбат Мирзобек Вазиров.