Иди Меҳргон ҳамчун рамзи тирамоҳи зарринрў, айёми ҷамъоварии ҳосил ҳамасола дар саросари кишварамон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Шукўҳу шаҳомати таҷлили имсолаи ин иди қадимаи тоҷикон то дергоҳ дар лавҳи хотирҳо нақш мебандад. Имрӯз дар маркази ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм иди аҷдодии точикон яъне иди Меҳргон ҷашн гирифта шуд.
Дар таҷлили ин ҷашни миллӣ Соҳибҷон Зиёдуллоев, муовини аввали директори Агентии захираҳои модии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, Сафиало Азизулозода, Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва Шоҳин Талбакзода, прокурори ноҳияи Рашт иштирок дошта, аз дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ дидан намуданд.
Ба ин гўшаи зебоманзар намояндагони кишоварзону аҳли фарҳангу зиё аз ҷамоатҳою шаҳраки ноҳия бо дастовезҳои зиёд, намунаҳои дастранҷи хеш, молу маҳсулот, шеъру суруду оҳангҳои тоза ҷамъ омаданд.
Ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳо дар ин ҷашн иштирок доштанд. Онҳо намоиши маҳсулотҳои қаноди, гўшту шир, мевагӣ, сабзавот, асал, мураббо ва афшураю нўшокиҳои ташнашиканро ба маърази тамошо монданд, ки мақбули иштирокчиён гардид.
Дар фарҷом иди Меҳргонро барномаи консертӣ, суруду навои дилошуби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия боз ҳам хушу дилписанд ва хотирмон гардонд.