Сайёҳӣ

ХАТСАЙРИ сайёҳии  Ҳоит

БАХШИ РУШДИ САЙЁҲИИ НОҲИЯИ РАШТ

 ХАТСАЙРИ сайёҳии  Ҳоит (3-рўза)

Маълумоти мухтасар:

Ҳоит яке аз мавзеъҳои зебои ноҳияи Рашт ба ҳисоб рафта, дорои захираҳои зиёди сайёҳӣ махсусан сайёҳии экологӣ, шикор, кўҳнавардӣ ва таърихию фарҳангӣ ба шумор меравад. Ҳоит аз маркази ноҳия дар масофаи 40 км љойгир буда, дараҳои Назарайлоқ ва Шавр љойҳои тамошобоб ва шикоргоҳҳои мувофиқ барои дўстдорони сайру сайёҳат дар ин мавзеъ ба ҳисоб мераванд.

Мардуми ин маҳал бо нонҳои калонҳаљму хўрокҳои боллазати миллии хоси ин маҳал миёни сокинони ноҳия машҳур мебошанд.

РЎЗИ ЯКУМ

Дидан намудан аз маркази Ҳоит

Аз соати 8:00 то 17:00 дар деҳаи Ҳоит сайёҳон бо нишонаҳои заминларзаи бузурги соли 1949, ки дар ин ҳодиса зиёда аз 30 ҳазор нафар аҳолии собиқ ноҳияи Ҳоит ба ҳалокат расида, ин мавзеъ  ба тамом нест гардида буд, аз наздик шинос мешаванд. Инчунин, аз пайкараи “Модари Ҳоит” (ба хотири қурбониёни заминларзаи соли 1949 сохта шудааст) ва аз оромгоҳи аввалин муаллимаҳо ва дигар поягузорони давлати Шўравӣ дар Ҳоит аз наздик шинос мешаванд.

Субҳона, хўроки нисфирўзӣ ва хўроки шомро дар деҳаи Ҳоит тановул намуда, шабро дар меҳмонхонаи хусусӣ (Homestey) сипарӣ менамоянд.

РЎЗИ ДУЮМ

Дидан намудан аз дараи Назарайлоқ

Баъд аз субҳона тавассути автомашина ба дараи Назарайлоқ (аз деҳаи Ҳоит дар масофаи 10 км) ба роҳ баромада, аз табиати дилфиреб, дарё, чашмаҳою обҳои шифобахш, шаршараҳо ва ҳайвоноту набототи ин мавзеъ дидан менамоянд.

Дар ин мавзеъ сайёҳон имкон доранд ба намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз љула шикор, кўҳнавардӣ, пиёдагардӣ, аспсаворӣ, моҳидорӣ ва љипсайр машғул шаванд.

Дар дараи Назарайлоқ боз як дараи дигар бо номи дараи Пиёзӣ машҳур аст, ки тибқи нишондоди мутахассисон дорои зиёда аз 24 намуди канданиҳои фоиданоки табиӣ мебошад.

Сайёҳон хўроки нисфирўзиро дар ин мавзеъ дар лаби дарё дар ҳавои кўшод тановул намуда, бегоҳ ба деҳаи Ҳоит баргашта, хўроки шом хурда, шабро дар меҳмонхонаи хусусӣ сипарӣ менамоянд.

РЎЗИ СЕЮМ

Дидан намудан аз дараи Шавр

Рўзи сеюм сайёҳат дар дараи Шавр (аз деҳаи Ҳоит дар масофаи 8 км) идома дода мешавад. Барои сайёҳат дар ин дар қисми роҳро бо автомашина ва қисман бинобар сабаби набудан роҳи мошингард ба воситаи асп ё пойи пиёда тай намудан зарурат дорад.

Дараи Шавр, ки аз саргаҳ то охираш 21 км-ро ташкил намуда, бо анвои растаниву дарахтони гуногуни мевадиҳанда, руду чашмаҳои дилфиреб, шаршараҳояш нотакрор мебошад.  Оби сафед, ки аз ин мавзеъ мегузарад, макони гулмоҳии зебои Рашт ба ҳисоб меравад.

Сайёҳон дар дараи Шавр то бегоҳ истироҳат намуда, хўроки нисфирўзиро зери ҳавои кўшод дар табиат тановул намуда, бегоҳ ба деҳаи Ҳоит бар мегарданд.

Бо ҳамин хатсайр сайёҳии “Ҳоит” ба анљом мерасад.

ТАВСИЯҲО: сайёҳон бояд бо худ  либоси гарм, пойафзоли варзишӣ, кўлоҳ, корд, фонарик ва доруҳои лизимии ёрии аввалияро дошта бошанд.