Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МОНИТОРИНГИ ОМОДАГӢ БА ДАВРАИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОНИ СОЛҲОИ 2026–2027

Бо мақсади баррасии рафти иҷрои корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт мониторинг баргузор гардид. Зимни мониторинг масъалаҳои таъмини муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо бо маводи сӯхт, захираи ангишту ҳезум, омодагии низоми гармидиҳӣ, таъмини мунтазами неруи барқ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАНТАНАҲОИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР РАШТ

Имрӯз 10 ноябри соли 2026 дар ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд, ки тарранумгари хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат дар барқарорсозии сулҳу субот, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ, таваҷҷуҳ бо гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, рушди иқтисоди […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР НОҲИЯИ РАШТ.

Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт, генерал-майори милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин, роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони соҳа […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 6 ноябри соли 2026 бахшида ба 32- юмин солагарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони марказии ноҳияи Рашт маросими савганёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ баргузор гардид. Дар ин рӯз наваскарон дар ҳузури фармондеҳон, афсарону сарбозон, волидон ва собиқадорон ба Ватан савганд ёд карданд. Дар чорабинии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

НОҲИЯИ РАШТ СЕ СОЛ ПАЙИ ҲАМ ДАР САФИ ПЕШҚАДАМОН

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ноҳияи Рашт соли сеюм аст, дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, ҷамоати деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаи истиқоматӣ» натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» сазовори мақоми дуюм мегардад. Бояд таъкид намуд, ки дар ин раванд саҳми роҳбарии дурандешона, ташаббусҳои созанда ва фаъолияти пайгиронаи Раиси ноҳияи […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

4 ноябри соли 2026 дар толори Шуъбаи фарҳанги ноҳияи Рашт ба ифтихори 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд. […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

КОНСТИТУТСИЯ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА

Дар Ҷамоати деҳоти Ясмани ноҳияи Рашт ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо баргузор гардид. Чорабинии идона бо шиносоии Раиси ноҳия аз намоиши дастовардҳои сокинони ҷамоат, маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули заҳмати дастони ҳунармандон оғоз […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ ОТАШНИШОНӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТӢ ҲОИТ

Санаи 3 ноябри соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии гурӯҳи ноҳияҳои Рашт дар ҳайати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳофизати Ҷамоати деҳоти Ҳоит бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо дар вазъияти тантанавӣ […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ 32-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҲОИТ

Дар доираи таҷлили 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт чорабинии тантанавӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, аз нақш […]

Маориф Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАЪКИД БА СИФАТИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС

29 октябри соли 2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100-и ноҳияи Рашт бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт, генерал-майори милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин вохӯрии судманд баргузор гардид. Зимни боздид нахуст масъулон аз […]