Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

НОМАИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҚИМӢ РАҲИМҶОН НАБИЗОДА БАХШИДА БА ҶАШНИ БАНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Иди байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай – ҷашни  оғози баҳор ва соли нави мардуми тоҷикро ба ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азиз ва пайвандонатон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, барори кору саодати рӯзгор, осмони софу беғубор ва фатҳу кушоиши корҳои накӯ таманно мекунам.

Таърихи Наврӯз – таърихи фарҳанг, оин, хулқ, анъана, одати мардум буда, оинаест, ки мо дар он худро мебинем ва мешиносем.  Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст».

Бемуҳобот, таърихи беш аз шашҳазорсолаи Наврӯз далели қадимӣ будани миллати тоҷикро бозгӯ мекунад. Он ҷашни баробарии инсоният, оини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват буда, ҷашни зебоиву накӯӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи  пайванди  наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза дониста шудааст.

Бемуҳобот, он барои миллати мо ҳамчун рамзи ҳуввияти миллӣ ва муқаддастарин оин арзиш дорад. Гузаштагони бузургамон Наврӯзро ҷашни ваҳдатофар низ гуфтаанд. Чуноне:

Наврӯз дар он ҷост, ки ёрон ҳама ҷамъанд,

Ёрон ҳама ҷамъанду ҳазорон ҳама ҷамъанд.

Боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни муқаддасу мубораки мо бо пешниҳоди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мамлакатҳои дигар аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми  ҷаҳонӣ  гирифта, аз соли 2010 инҷониб дар саросари олам бо шукӯҳу шаҳомоти хоса ҷашн гирифта мешавад.

Дар устураҳо оғози таҷлили Наврӯзро ба Ҷамшеди Пешдодӣ ва аз он ҳам пештар ба Каюмарси Куҳшоҳ, ки аввалин шоҳ дар байни одамон буд, нисбат медиҳанд.

Сарзамини ақвоми ориёӣ, ки нигаҳдори оинҳои наврӯзист, бо омадани дини ислом дар он оинҳои динӣ ва наврӯзӣ бо ҳам омезиш ёфтанд. Давлатҳои тоҷикнишин ба мисли Саффориён ва Сомониён дар эҳёи суннатҳои Наврӯз нақши бузург доранд. Бо ташкил ёфтани давлати Сомониён расму оинҳои мардумӣ аз нав зинда гардида, фарҳанги пурғановати ниёгон дар Хуросони бузург паҳн гардид. Дар ин радиф, оинҳои миллии мардуми тоҷик, аз қабили Наврӯз, Сада ва Меҳргон густариш ёфтанд. Иди Наврӯзро дар даврони Ҳукумати Шӯравӣ бо баҳонаи ҷашни динӣ будан манъ карданд. Аммо ин ҷашни ниёгон ҳеҷ гоҳ ба гӯшаи фаромӯшӣ нарафта, мардуми шарафманди тоҷик онро чун иди Бобои деҳқон, иди кишту кор ва ё сари Соли нав муаррифӣ менамуданд. Соҳибистиқлолии кишвар имкон дод, ки мо онро бо расму оин ва суннатҳои деринааш байни ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Бояд ёдовар шуд, ки Наврӯз анъанаҳои неки  ба худ хос дорад. Ба дидори пиру барҷомондагон расидану дуои хайри онҳоро гирифтан, дасти кумак дароз кардан ба ятимону бенавоён ва бепарасторон, обод кардани ҷойҳои нообод, ки шиори ҳаррӯзаи зиндагии ниёгонамон будааст, дар айёми мо низ аҳамияти хоса пайдо кардааст.

Боиси хушнудист, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи хуҷаста дар саросари кишварамон, аз ҷумла дар ноҳияи Рашт низ корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, тантанаҳои наврӯзиро шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшанд.

Лозим ба қайд аст, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, на танҳо рафтору гуфтор ва пиндори нек, балки покизагии муҳити зистро низ талқин мекунад. Ба ҳамин хотир мегӯянд, ки агар дарахтеро сабзондаю ба воя расонда бошӣ, умрат босамар мегузарад ва ёдат дар дилу дар дидаҳо боқӣ мемонад.

Аз ин рӯ, марду зан, пиру ҷавон ва кулли сокинони ноҳияамон ин ҳадафҳои некро ҷонибдорӣ намуда, бояд ба ободии макон ва пеш аз ҳама, ба тозагии хонаву кӯча ва маҳалли зисти худ, ки аз анъанаҳои неки ниёгонамон мебошад, эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, бо ин васила дар рушди ҷомеа ва расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ саҳми назаррас гузоранд.

Наврӯзи имсола, ки дар тараддуди омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ, яъне 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расида истодааст, мутмаъинам, ки сокинони ноҳия дар ҷодаи корҳои ободонию созандагӣ ва дигар кирдору аъмоли нек корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, дар ин соату лаҳзаҳои пурфайзу шодии баҳорӣ, бори дигар ба ҳамаи ҳамдиёрони азиз бахту саодати наврӯзӣ, иқболи баланду толеи нек ва тани сиҳату рӯзгори осударо таманно менамоям.

Орзумандам, ки аз файзу баракати Наврӯзи Аҷам Тоҷикистони азизамон боз ҳам шукуфонтар ва рӯзгори мардуми мо хуррамтару ободтар гардад.