деҳоти Тагоба

МАЪЛУМОТИ  УМУМӢ    ДАР БОРАИ ҶАМОАТИДЕҲОТИ  ТАГОБА   ДАР СОЛИ  2024

Ҷамоати деҳоти Тагоба дар соли 2024 дорои 9 деҳа, 910  хоҷагӣ ва 6588 нафар аҳолӣ мебошад. Аз ҷумлаи шумораи умумии аҳолӣ 3325- нафарро  мардон ва 3263 – нафари дигарро занҳо ташкил медиҳанд.
Ба тобеияти он деҳаҳои Гилканд, Зарифӣ, Хиштирок, Тагоба, Дуоба, Порвоғ, Саридашт, Баҳор ва Каландак шомил шуда, дар ҳудуди он 4- мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ,   як мактаби таҳсилоти асосӣ, як маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ, 3 китобхона, 6 чойхонаи фароғатӣ, 4 масҷиди панҷвақта, 5 хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ, 125 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ , 11  нуқтаи савдои хурокворӣ, як нуқтаи фуруши сузишворӣ фаъолият доранд.
Масоҳати умумии ҷамоат  8562 км. мураббаъ буда, аз  шарқ ба Ҷамоати шаҳраки Навобод, аз  Ҷануб  ба Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат ҳамсарҳад мебошад. Аз тарафи шимол ва шарқ бошад дар иҳотаи қаторкуҳҳои Ҳисор ҷойгир аст.  Манбаи оби нушокии аҳолии деҳот дарёи Каландак, Сафедоб, Тагоба ва дарёчаҳои Тагобаву Хиштирок мебошанд.  Шабакаҳои мобилии “Вавилон”, “Мегафон” пурра ва қисман шабакаҳои  “Индиго” ва “Билайн” дар ҷамоат фаъол мебошанд.  Шуғли асосии аҳолии ҷамоат боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ мебошад.  Маркази Ҷамоат деҳаи Тагоба аст.
Ҷамоати деҳоти Тагоба аввал номи Шулмакро дошт, ки дар он вақт ҳудуди Ҷамоати Боқӣ Раҳимзода, Оби меҳнат ва Тагобаи имрӯзаро  дар бар мегирифт. Баъдар соли 1986 ҷамоат номи “Тагоба”-ро гирифт ва ҳудуди имрӯзаи Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат ва Тагобаро фарогир буд. Аз соли 1996 инҷониб Тагоба ва Оби меҳнат ҷамоатҳои алоҳида шуданд ва маркази Ҷамоати деҳоти Тагоба деҳаи Ҳилмонӣ муайян шуд.
Ҳоло низ марказ ҳамин деҳа аст, аммо соли 1995 номаш бо “Тагоба” иваз шуд.