Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх дар соли 2026 дорои 20 деҳа, 2073 хоҷагӣ ва 20135 нафар аҳолӣ мебошад, Аз ҷумла 10082- нафарро мардон ва 10053 – нафари дигарро занҳо ташкил медиҳанд.
Ба тобеияти он деҳаҳои Чорчароғ , Ланагар, Сайдон , Маҳла, Кулоба, Чугдабиён, Калъаи Сурх, Кадара .Лангарак, Шулонак, Сияхлояк, Оличахако, Д-амирбек, Навдонак. Истиклол, Баҳористон, Себистон, Нигова .Ниёзбегиён ва Шулхоб шомил шуда, дар ҳудуди он 13- мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаби миёна , 1 маркази саломатӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ, 5 китобхона, 28 чойхонаи фароғатӣ, 15 масҷиди панҷвақта, 525- хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва 20 нуқтаи соҳибкорӣ фаъолият доранд.
Масоҳати умумии Ҷамоат 1112 ҳазор гектор мебошад.
Сўроғаи Ҷамоати деҳоти Калъаи Сурх : Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Рашт, деҳаи Калъаи Сурх
Ҷамоати деҳоти Калъаи Сурх дар ҳайати 20 деҳа дар байни солҳои 1930—1931 таъсис ёфтааст. Ба тобеияти он 7 деҳаи Чорчарог , Ланагар, Сайдон , Махла, Чугдабиён, Шулхоб деҳаҳои хурд мебошанд. Деҳаи Навдонак таърихи буда, дар он калъаи таърихи мебошад ки ба номи Калаи духтар ва Калъаи писар ва Калъаи Бобурхон мебошад. Номҳои маҳалҳо ва баъзеи ишороти маъхазҳои илмū шоҳид бар онанд, ки ин диёр таърихи қадима дошта, аз замони авастоиҳо маҳалҳои он аҳолинишин буданд. Дар асрҳои миёнагū ҳам инҷониб бобоёни мо дар ҳамин ҷо зиндагū мекарданд. Инак, эзоҳи номҳои баъзеи маҳалҳо шоҳиди ин ақида шуда метавонанд.
Ҷамоати деҳоти Калъаи Сурх аз деҳаи Навдонак оғоз мешавад, Навдонак калимаи тоҷики ба маънои Нов –мебошад, яъне нови об доштааст. Деҳаи Калъаи Сурх аз як ривояти таърихии ба ҳама маълум номгузорӣ шуда аст.
Калимаи Калъа бошад, яъне Калъа дар ин деҳа чойгир будааст.
