Бисёр ҳолатҳое мешуданд, ки шахси беморро шабона ба беморхона меоварданду бинобар баста будани дорухонаҳо пайдо намудани дорувории лозима барои беморон моне эҷод мекард. Барои ҳалли ин мушкилот раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо бо мудирони дорухонаҳои дар маркази ноҳия фаъолиятдошта вохӯрӣ намуда, (24.04.2024 ) ба онҳо дастур дода шуд, ки дар 15 дорухонаи гирду […]
Рӯзномаи “Оинаи Рашт”
АКСИЯИ ОММАВИИ ТОЗАГӢ
25 апрели соли 2024 бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷангалзори мавзеи Буни Сафиёни Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода, ки тайи даҳсолаҳои охир партовгоҳи сокинони маҳал ба ҳисоб мерафт бо иштироки васеи кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва донишҷуён аксияи тозагӣ […]
МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД…
Дар доираи мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9- марти соли 2024 доир гардида буд, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини директори маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Кароматулло, сармутахассиси маркази болозикр Қурбоншоҳи Илҳом ва мутахассиси пешбари Кумитаи дин, танзими анъана ва […]
ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, рассомӣ, дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, равона шудааст. Дар робита ба […]
Баргузории мусобиқаи варзишии Гӯштини миллӣ яке аз анъанаҳои Иди Наврӯзи байналмиллалӣ ба шумор рафта санаи 20-уми апрели соли ҷорӣ бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, мусобиқаи варзишии Гӯштини миллӣ дар ноҳия баргузор карда шуд. Мусобиқаи мазкур бо иштироки паҳлавонон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо иштироки зиёди мухлисон дар сатҳи […]
НАМОИШИ МАҲСУЛИ КАДБОНУҲОИ МИНТАҚАИ РАШТ, ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ..
НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
16 апрели соли равон бо ҷалби зиёда аз 700 нафар, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Рашт барои сабзу хуррам гардонидани ватани азизамон дар канори роҳҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ғарм ҳашари ниҳолширонӣ доир карда шуда зиёда аз 1000 бех ниҳоли ороишии Арча шинонида шуд. Хотиррасон менамоем, ки дар доираи раҳнамоиҳои доимии Асосгузори […]
ВОХӮРИҲОИ СУДМАН
Тибқи дастури иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузйлшо намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия аз рӯи нақшаи муайян дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо суҳбату вохуриҳои судманд доир намуда истодаанд. Мазмуну муҳтавои ин мулоқотҳо […]
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ РАШТ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
Мутахассиси шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт-1 ҷой, маоши мансабӣ -1012 сомонӣ 2.Сармутахассис-шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия 1 ҷой, маоши мансабӣ 1294 сомонӣ 3.Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062 сомонӣ 4.Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва […]
МАЪЮБОН ДАСГИРӢ МЕЁБАНД
Дастгирии қишри осебпазири ҷомеа амали хайру савоб буда, яке фазилати неки ниёгонамон маҳсуб мешавад. Имрӯзҳо ин амали хайр дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст ба ҳукми анъана даромадааст. Бо дастгирии раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо барои хоҳарони маъюб Меҳрона ва Мадина корхонаи […]

