Хабарҳо

Корхонаи «Захира дар минтақаи Рашт» 480 тонна орд ва 500 тонна гандум захира намудааст

РАШТ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар» Корхонаи истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал зиёда аз 500 тонна  гандум захира намуда, инчунин ба воситаи  мағозаҳои зертобеаш дар  ноҳияҳои Рашт 210 тонна орд, Ҷамоати деҳоти Сағирдашт 100 тонна, Сангвор 70 тонна,  Лахш […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба

08.05.2020, шаҳри Душанбе Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамватанони азиз! Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон фардо, яъне рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ – 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва мардуми […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

23.04.2020, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Ватан файзу баракат ва рӯзгори осуда орзу менамоям. Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

17.04.2020, шаҳри Душанбе 17 апрел Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар асоси моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” то интихоб шудани […]

Тандурустӣ Хабарҳо

ЛОИҲАИ “ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАҶМӮӢ БАРОИ МОДАР ВА КӮДАК” ДАР НОҲИЯҲОИ ТАҶРИБАВӢ МУАРРИФӢ ГАРДИД

Аз 30 март то 2 апрели соли равон бо мақсади муаррифии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627-TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа: Рашту Файзободи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон,  Гурӯҳи кории табиқи лоиҳаи мазкур таҳти роҳбарии муовини […]

Кишоварзӣ Хабарҳо

  ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Кишоварзӣ соҳаи асосии пешбарандаи иқтисодиёти ноҳияи Рашт буда, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва саъю талоши сокинони заҳматпешаи он тайи солҳои охир уфуқҳои тозаи рушд касб дорад. Ин аст, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ соли сипаришуда ба 447 миллиону […]

Хабарҳо

РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ МУҚИМӢ  РАҲИМҶОН НАБИЗОДА – УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

27 марти соли равон бо ҳузури 2163 нафар вакили интихобкунандаи маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуда, аз ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ 25 нафар ба аъзогии […]

Хабарҳо

 Дар доманакӯҳҳои шаҳраки Ғарм бунёди  200 гектар ҷангалзори нав идома дорад.

3 апрели соли равон фаъолону зиёиён, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия беш аз 700 нафар барои бунёди ҷангалзори нав ба доманаи кӯҳи Мунданули болои шаҳрак баромада, беш аз 9000 ниҳоли мевадиҳандаю ороишӣ  ва сояафкан шинонданд. Тибқи иттилои Абдулазиз Қаландаров, сардори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия, дар ин доманакӯҳ соли сипаришуда 720 […]

Хабарҳо

ДАР РӮЗИ АВВАЛИ ДАЪВАТИ ҲАРБӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ 130 НАФАР НАВАСКАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САФАРБАР КАРДА ШУДАНД

Маъракаи гусели наваскарон ба сафи қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони “Рӯзи даъватшаванда” бо шукӯҳу шаҳомати хос сурат гирифт. Дар  майдони комиссариати ҳарбии ноҳия 130 даъватшаванда либоси якхела ба бар намуда, барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гаштанд. Дар иртибот ба ин, дар толори кохи фарҳанги ноҳия маъракаи бошукӯҳу шаҳомати фарҳангӣ […]

Варзиш Наворҳо Хабарҳо

Баргузории гуштини милли дар ноҳияи Рашт

29 марти соли 2020 бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилали дар ноҳияи Рашт гӯштини миллӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади болозикр паҳлавонон аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони азиз ҷамъ омада барои шоҳҷоиза байни худ рақобат намуданд.