Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт боз як иншооти нави хизматрасонӣ — мағозаи хӯрокворӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Зимни ифтитоҳ раиси ноҳия иқдоми мазкурро шоистаи дастгирӣ арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки бунёди чунин иншооти хизматрасонӣ дар самти беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти муҳим дорад.
Мавриди зикр аст, ки ба истифода додани иншооти нав дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ ва бахусус 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барои рушди инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.