Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ таъкид карда шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нақши тақдирсоз дошта, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошт. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат интихоб гардида, бо масъулияти бузурги таърихӣ ба роҳи наҷоти давлату миллат ва бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам гузоштанд.
Воқеан, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар шоистаи эҳтирому қадршиносии ҳамагон мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ Раиси ноҳия ба як қатор кормандони фаъол барои саҳми арзанда дар пешрафти соҳаҳо ва фаъолияти босамар сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Дар фарҷом ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди барномаи рангини консертӣ, ки фарогири суруду таронаҳои ватандӯстона, тараннуми садоқат ба Ватан ва Пешвои миллат, инчунин арҷгузорӣ ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ буд, ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшиданд.