Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон дар ноҳияи Рашт муассисаи таҳсилоти томактабии №3 «Саодат»-и Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсум бунёд гардида, ба истифода дода шуд.
Муассисаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, 11 сентябри соли 2026 дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рашт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ба истифода додани ин муассисаи таълимӣ қадами муҳим дар роҳи рушди инфрасохтори соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои ташаккули қобилиятҳои зеҳниву маънавии кӯдакон ба шумор меравад.
Иқтидори лоиҳавии муассиса 100 нафар кӯдакро ташкил дода, айни замон 56 нафар тарбиятгиранда дар он ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, дар доираи фаъолияти муассиса 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки ин иқдом дар баробари рушди соҳаи иҷтимоӣ ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ низ мусоидат менамояд.
Бунёду мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ далели таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои тарбияи насли соҳибмаърифату ояндасоз мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат татбиқи тадбирҳои созандаро дар самти рушди соҳаи маориф ва таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ идома дода, барои фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи насли оянда талош менамояд.

