Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

  МАКТАБИ НАВ  ҚАДАМИ НАВ БА СӮЙИ ДОНИШ

 Дар деҳаи Хулаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт, дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои нави таълимӣ барои 160 нафар хонанда мавриди истифода қарор гирифт.
Бинои қаблии муассиса бар асари заминларза хароб гардида буд. Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми сокинони деҳа, дар муҳлати кӯтоҳ бинои нави таълимӣ бунёд гардида, барои хонандагон синфхонаҳои барҳаво ва шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шуд.
Дар маросими ифтитоҳи муассиса Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Тоҷиддин ва раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуданд.
Ифтитоҳи мактаби нав барои сокинони деҳа танҳо як бинои наву замонавӣ нест. Ин қадами устувор дар самти рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои насли наврас мебошад.
Зеро мактаби обод  заминаи ҷомеаи босавод, насли донишманд ва ояндаи дурахшони кишвар аст.
Ин иқдом дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи сиёсати созанда ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи маориф ва ояндаи насли наврас мебошад.