деҳоти Ясман

МАЪЛУМОТИ  УМУМИ    ДАР БОРАИ ҶАМОАТИ  ДЕҲОТИ  ЯСМАН  ДАР СОЛИ  2024

Ҷамоати деҳоти Қалъанак дар соли 2024 дорои 14 деҳа, 1 055  хоҷагū ва  6512 нафар аҳолū мебошад,  Аз ҷумла 3293- нафарро мардон ва 3219– нафари дигарро занҳо ташкил медиҳанд.
Ба тобеияти он деҳаҳои  Ҳисорак, Тахт, Ҳочикаён, Воринг, Давриён, Фидокор, Шулдур, Сиполинг, Осбёдара, Хурамшахр, Чашмасор, Сафедоб, Мусофирун, Хуснобод шомил шуда, дар ҳудуди он 4- мактаби таҳсилоти миёнаи умумū,  4- мактаби ибтидоū- , 2 маркази саломатū, 1- бунгоҳи тиббū, 1- китобхона, 8 чойхонаи фароғатū, 5- масҷиди панҷвақта, 4 хоҷагии деҳқонии љамоавū, 356 хоҷагии деҳқонии инфиродū ва 15  нуқтаи соҳибкорū фаъолият доранд.
Масоҳати умумии Чамоат 8593,3 гектор мебошад.
Сўроғаи  Ҷамоати деҳоти Ясман: Ҷумҳурии Тоҹикистон, ноҳияи Рашт, деҳаи Воринг.

Ҷамоати деҳоти Ясман дар ҳайати 14 деҳа дар байни солҳои 2004 таъсис ёфтааст. Ба тобеияти он 21 деҳаи хурди дараи Ясман ва деҳаҳои  Заминларзаи шадиде, ки соли 1949 дар водū ба вуқўъ пайваст баъди ноҳияи Ҳоит таъсираш беш аз ҳама ба  Ҷамоати мо расид. 14 деҳаи дараи Ясман яксар аз байн бурд. Аҳолии зиндамондаи ин деҳаҳоро ба доманаи дара кўчонида, деҳаи Хатлон ташкил намуданд. Номҳои маҳалҳо ва баъзеи ишороти маъхазҳои илмū шоҳид бар онанд, ки ин диёр таърихи қадима дошта, аз замони авастоиҳо маҳалҳои  он аҳолинишин буданд.  Дар асрҳои миёнагū ҳам инҷониб  бобоёни мо дар ҳамин ҷо зиндагū мекарданд. Инак, эзоҳи номҳои баъзеи маҳалҳо шоҳиди ин ақида шуда метавонанд.
Ҷамоати деҳоти Ясман  аз деҳаи Хисорак оғоз мешавад, Ҳисорак калимаи точики ба маънои Калаи Хисорак мебошад…