Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МАРҲИЛАИ НАВИ ШУКУФОӢ

Ба истиқболи таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳия иншоотҳои гуногун мавриди истифода дода шуд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳия 307 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, беш аз 220-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва дар 87 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён доранд. Ба нақшаи мазкур ҳанӯз ҳам бунёди иншоотҳои нав замима гардида истодаанд. То имрӯз 95 иншооти дигар илова шудааст.

Аз ҷумла, ба иншоотҳое, ки дар арафаи таҷлили ин ҷашни муқаддас мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, толори варзишӣ ва пули мошингузар дар деҳаи Бедаки Ҷамоати деҳоти Навдӣ ва пойгоҳи обкашӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ғарм.

Ёдовар мешавем, ки дар сурати татбиқи нақшаи фавқ аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузор иншоотҳои барои хоҷагии халқ ҳаётан муҳим пайи ҳам қомат афрохта, симои ноҳияро боз ҳам зеботар ҷивлагар намуда истодаанд.

Дер нест, ки тамоми маҳалҳои аҳолинишини кӯҳистони Рашт дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалаккашида ба шаҳракҳои замонавӣ табдил ёбанд.