Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ ГУЛЗОРКУНИ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ободу зебо гардида истодаанд.
Маъракаи гулшинонӣ дар  мазкур ноҳияи Рашт, тибқи дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Рашт, Узви Маҷлиси  миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Идизода Зарина Фузайлшо бо шинонидани гулҳои рангоранг ва дарахтони зебои ҳамешасабз симои худро дигар намуда, ҳусни он ҳар бинандаро мафтун месозад.
Вобаста ба ин, 01 майи соли 2025 кормандони мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва дигар идораҳои дар ҳудуди ноҳиябуда ба ҳашари гулшинонӣ баромада, майдони ҳавлиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳоро гулзор намуданд.