Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони пур аз масолеҳи сохтмонӣ субҳи рӯзи 16 апрели соли 2025 барои осебдидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ба минтақа ворид гардиданд.
Дар даромадгоҳи ноҳияи Рашт корвони мошинҳои пурборро аҳли ҷамоачигии ноҳия ва аъзои ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ қабул намуда, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода вобаста ба рафъи оқибатҳои заминларза таваҷҷуҳи назар карда, иқдоми роҳбарияти олии кишварро мусбат арзёбӣ намуд.
Қабл аз ин, Муовини Сарвазири мамлакат аз осебдидагоне, ки дар беморхонаи марказии ноҳияи Рашт бистарӣ гардидаанд, дидан намуда ба онҳо кумаки молиявӣ расонида шуд. Аз тарафи Агентии давлатии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ниёзи аввали ғизоӣ ва хайма ба мардуми осебдида расонида шудаанд.