Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ВОХӮРИИ  РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ РАШТ

   Санаи 9-уми октябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт  раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи бо фаъолони ноҳияи Рашт вохӯрӣ намуд.    Вохӯрӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, олимон ва кормандони соҳаи маориф ироа доштанд, инчунин бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ баргузор шуда, дар он муҳтавои қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ки 20 июли соли 2024 бо тағйиру иловаҳои нав қабул гардиданд, шарҳ дода шуданд.      Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иброз дошт, ки дар амалӣ намудани танзими расму ойин, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, либоси миллӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, талқин намудани урфу одатҳо дар зеҳну шуури наслҳо ягон қуввае дигар бештар аз занону духтарон саҳм гирифта наметавонад.     Аз иштирокчиён даъват карда шуд, ки дар таблиғ ва муосиргардонии либоси миллӣ, ки он яке аз воситаҳои асосии шинохти миллат дар ҷаҳон аст, саҳмгузор бошанд.   Таъкид гардид, ки ҳар як зан-духтари тоҷик бояд ба муқаддасотӣ миллӣ арҷ гузорад, арзишҳои ниёгонро ҳифз ва риоя намояд, дар пешгирии хурофот ва бегонапарастие, ки солҳои охир байни бархе аз занон роиҷ гардидааст, саҳм дошта бошад.              Раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо  дар баромади худ меҳмони олиқадро барои ташриф ва вохӯрӣ доир намуданашон изҳори минатдори намуда, қайд карданд, ки воқеанҳам мардуми дурандешу худогоҳи ноҳияи Рашт заҳмату талошҳо, кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадрдонӣ намуда, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо тамоми Дастуру ҳидоятҳои Пешвои  муаззами  миллатро  чун ҳарвақта сармашқи худ намуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар заҳмату талошҳо менамоянд.   Дар охир ба занони фаъоли ноҳияи Рашт  “Сипоснома”-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дода шуд.