Бо қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, таҳти №400 дар заминаи Ситоди мудофиаи гражданӣ Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулода ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Имсол ба таъсисёбии Кумитаи мазкур 30- сол пур мешавад.
Ба ин хотир дар Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Рашт ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, дар он раиси ноҳияи Рашт, раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо иштирок ва баромад намуда, афсарону сарбозони Ситод ва қисми низомии дар ҳудуди маҳал ҷойгир будаи Кумитаро ба 30- солагии таъсисёбии Кумита табрику таҳният гуфта, хизмати содиқонаву софдилонаро ба нафъи давлату миллат таманно намуд.
Дар охир ба афсарону сарбозон медалҳои ҷашнӣ ва сипосномаҳо супорида шуд.
Бо иштирокчиёни тантана барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш карда шуд.