25 апрели соли 2024 бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷангалзори мавзеи Буни Сафиёни Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода, ки тайи даҳсолаҳои охир партовгоҳи сокинони маҳал ба ҳисоб мерафт бо иштироки васеи кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва донишҷуён аксияи тозагӣ гузаронида шуд.
Бо сафарбарии мардум ва бо истифода аз техникаҳо мавзеи зикргардида аз партовҳо тоза карда шуд.
Гузаронидани чунин ҳашарҳои оммавӣ ҳар рӯзи шанбеи ҳафта дар гӯшаҳои гуногуни ноҳия, ки макони партовҳои мардум мебошанд, ба нақша гирифта шуда, минбаъд барои партовгоҳҳо дар ҳар як ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷойҳои махсуси партов ташкил карда мешавад.
Вобаста ба иҷрои ин амал раисони деҳот ва шаҳрак, инчунин роҳбарияти муассисаи комуналии ноҳия муваззаф гардидаанд.