Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Сайёҳӣ Хабарҳо

НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

16 апрели  соли равон бо ҷалби зиёда аз 700 нафар, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Рашт  барои сабзу хуррам гардонидани ватани азизамон дар канори роҳҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ғарм   ҳашари ниҳолширонӣ доир карда шуда зиёда  аз 1000 бех ниҳоли ороишии Арча шинонида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи раҳнамоиҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо  барои боз ҳам ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии ноҳия шанбегиҳои дастҷамъона роҳандозӣ карда мешавад.

 

 

Мудири бахши иттилоот:    Тоҳир Хоҷаев