Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

НАВРӮЗИ ДАР  ДЕҲАИ ХУФАК ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК  НОҲИЯИ РАШТ      

Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфањмӣ, ваҳдату дўстӣ, созандагиву офарандагӣ, дўст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст.
Рузи 18 марти соли 2024 дар Муассисаи мазкур иди байналмилалии “Наврўз” бо шукуҳу шаҳомати хоссае  ҷашн гирифта шуд. Дар тантанаи идона хонандагону омӯзгорон ва аҳли деҳа  иштирок намуданд.