Дар ноҳияи Рашт рӯзи 21 августи соли 2023 бо иштироки беш аз 600 нафар омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, собиқ мудирони шуъбаи маориф, омӯзгорони собиқадор, кормандони муассисаҳои томактабӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳракию деҳотӣ, мудирони бахш ва шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҷокимияти давлатии ноҳия маҷлиси машваратӣ августии кормандони соҳаи маорифи гузаронида шуд.
Дар кори машварат Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, муовини якуми Вазири Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло, муовини Раиси ноҳияи Рашт Муродзода Бахтиёр Сайали, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Идизода Зарина дар ноҳия иштирок намуданд.
Муқимӣ Раҳимҷон Набизода Раиси ноҳияи Рашт, дар баромади худ зикр намуд, ки мулоқоти имрӯзаи мо бо Шумо-аҳли маорифчиёни ноҳия дар айёми омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ-32 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арафаи фарорасии Рӯзи Дониш сурат мегирад.
Аз ҷумла қайд намуд, пешрафти мактабу маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муайян намуда, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар аҳли илму маорифро вазифадор намуданд, ки “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ба корҳои эҷодиву техникӣ вазифаҳои муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.”
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Дар ин радиф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ ба соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа таваҷҷуҳи хоса дорад.
Соҳаи маориф дар сохтори сиёсиву иҷтимоии давлат ҳалкунанда буда, нақши калидӣ ва барои баланд бардоштани маърифатнокӣ ва камолоти маънавияти ҷомеа мавқеи беназир дорад.
Бо арзи эҳтирому самимият миннатдории худро ба соҳибкорону саховатмандон, шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоатҳои шаҳракию деҳоти ноҳия барои ташаббусҳои созанда дар бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ мерасонам. Имрӯзҳо вазъи сиёсии ҷаҳон, алалхусус ҳолатҳои бавуқуъ пайвастаи давлатҳои минтақа моро водор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем, дар ҳолати омодабошӣ қарор гирем, Ватанамонро дӯст дорем ва баҳри ҳифзу амнияти он тамоми қувваю матонати хешро сафарбар намоем. Бо боварӣ иброз менамоям, ки имрӯз мардуми кишвар ва махсусан мардуми худогоҳу худшиноси ноҳия, ки дорои маърифати баланду зиракии сиёсӣ мебошанд ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба рушду такомул ва ободию шукуфоии Тоҷикистон нигаронида шудааст, комилан ҷонибдорӣ месозанд, ҳамеша чун пайравони Пешвои муаззами миллат баҳри ҳимояи дастовардҳои бузурги милллӣ аз қабили ваҳдату истиқлолият ва сулҳу суботи ҳамешагӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар охир аз тарафи Раиси ноҳия, Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Шуъбаи Маорифи ноҳия ба як қатор омӯзгорон туҳфаҳои хотирмон супорида шуд.