Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ  РӮЗИ  ВАҲДАТИ  МИЛЛӢ  ДАР  НОҲИЯИ РАШТ

Ба ифтихори ҷашни 26- умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори қасри фаррҳанги  ноҳия намоиши  дастовардҳои корхонаҳои  саноати,   ҳунармандони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълими ва косибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот   баргузор гардид.

Намояндагони  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар меҳмонон  аз   намоишгоҳ   дидан карда, ба ҳунари   косибону  ҳунармандон баҳои   баланд    доданд.

Ҷамъомадро раиси ноҳияи  Рашт,  Узви  Маҷлиси  милии  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Муқимӣ  Раҳимҷон  Набизода ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро ба ин рӯзи саид шодбош намуд.

Дар  оғози  чорабини   қайд  намуданд, ки мо тоҷикон  давлати соҳибистиклолу   ягонаи миллї  ва озоду демократии  худ -Тоҷикистонро дорем, ки  дар  шароити  сулҳу  вањдати  милли бо   ќадамҳои   устувор ба   шоҳроҳи  рушду     тараққи  пеш рафта истодаем.  Аз    ҷумла, аз  Ваҳдат   то   Ваҳдат дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ноҳияи  Рашт   пешравиҳои    азиме  ба амал  омад,  ки ҳамаи онро     мардум    аз баракати ваҳдати   милли ва истиқлоли давлати  маънидод   мекунанд,  зеро давоми   бисту    шаш  соли сипаришуда бо амали шудани    барномаҳои бунёдкоронаи  Ҳукумати   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар  шарикони    рушд  садҳо     иншооти  таъиноти гуногун   сохта ба    истифода   дода     шуданд.

Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон , нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии  Тоҷикистон  ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони  берунмарзи мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст.   Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

 

Бо  максади  шукуҳу шаҳомат бахшидани  тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллї ҳунармандон   бо барномаи рангини худ саршор аз муҳаббат ба ватани азиз      хотири  аҳли   нишастро   шод карданд.