«Ховар»/
1 марти соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расид. Тибқи он ҷавонони синни даъватии мамлакат вазифадоранд, ки барои хизмат ба Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ҷалб гардида, марзҳои Тоҷикистонро содиқона ҳимоя намоянд. Дар ин иртибот Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар бораи соҳибватанӣ ва дӯст доштани Ватан чунин изҳори назар кард:
—Дар таҷрибаи миллати тоҷик, ки дар тӯли таърихи гарону пурфоҷаи инсонӣ бо муқовимат ва таҷовузи зиёди барбарону ғосибон рӯ ба рӯ омада, аз имтиҳонҳои гарону шадиди ҳастӣ гузашта, борҳо дар вартаҳои ҳастиву нестӣ қарор доштааст, метавон бо намунаҳо ва таҷрибаҳои ҷолиби чунин соҳибватанӣ рӯ ба рӯ омад. Миллате сулҳҷӯву хайрхоҳу некманиш, ки ба табиати зотии хирадмандонааш ҷангу зӯроварӣ бегона аст, бештар аз дигарон бояд омодаи ҳифзи худ, асолати миллӣ ва марзу бумаш бошад. Ва чун назаре аз ин нукта ба таърих меафканем, мебинем, ки дар ин сарзамин мактаб, таълимот ва суннатҳои хоси ҳимояи Ватан мавҷуд буда, мардуми ватандӯсту сулҳпарвари мо ҳамеша дар дифои Ватану марзу бум фарзандони қаҳрамону шоистаи худро доштааст.
Беҳтарин дастур ва намунаи соҳибватаниро мо дар осори классикони адабиёти оламшумуламон пайдо мекунем ва яке аз дурахшонтарин онҳо, бешубҳа, “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсист, ки аз хуҷастатарин асарҳо, ба тариқи дигар гӯем, як дастури бебаҳои ватандӯстӣ мебошад. Дастуре, ки имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаву на танҳо дарси ватандӯстиву ҳимояи ватан медиҳад, балки симо ва амали тамоми қаҳрамонҳои таърихиву асотирии моро, ки ҳама намунаҳои барҷастаанд, таҷассум менамояд. Бояд гуфт, ки адабиёти гузаштагони некманишу хирадпешаи мо аслан саросар аз пандномаҳову донишномаҳову ашъори баланди фалсафиву ирфонӣ иборат аст. Дар он ҷангномаҳо хеле камтар ба назар мерасанд, аммо ҳамин як “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ҷойи ҳама ҷангномаву асарҳои ватандӯстонаро дар ҳама даврон гирифтаасту хоҳад гирифт. Ин асари безавол имрӯз ҳам намунаи баланди ибрат ва шиори беҳтарини даъват аз ҳимояи Ватан мебошад, ки баъди садсолаҳо дар замони эҳёи навини ин сарзамини биҳиштиву куҳанбунёд ва ин миллати соҳибхирад аҳамияти дурахшони худро гум накардааст. Имрӯз ҳам беҳтарин шиори ватандӯстӣ ва ҳимояи Ватан ҳамин мисраъҳои вирди забони мардуми мо аз “Шоҳнома” ҳастанд:
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Ҳамоно пайи ганҷу пайванди хеш
Ҳама сарбасар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Шумо аз мардуми мо бипурсед, ки кӣ ин шеърро аз ёд намедонад, хурду калон онро зам-зама мекунанд, яъне руҳияи ватанпарвариву ҳимояи Ватан дар андеша ва мағзи хуни мардуми мо ҷо гардидааст. Ҳазор сол гузашт, аммо ин шеър ҳанӯз ҳам хонанда, гӯянда ва шунавандаи онро ба ҳимояи Ватан таҳрик медиҳад. Ин аст эъҷози сухани воло.
Гумон мекунам ҳоҷати якояк ном бурдани ҳама қаҳрамонони шуҷою далеру ватанпарвари “Шоҳнома” нест, зеро онҳо бе ин ҳам ҳамарӯза дар пеши назари мо ва вирди забонҳоянд, аз Бежану Исфандиёру Сиёвуш то ба Сӯҳробу Рустами бешикан. Аз ин рӯ, мо бояд таълими “Шоҳнома”-ро дар мактабҳоямон ҳаргиз аз ёд набарем, балки густурдатар намоем, “Шоҳнома”-хониро дар байни мардум ривоҷ диҳем ва омӯзишу азбаркунии онро хусусан дар қисмҳои низомӣ ба роҳ монем.
Аммо илова ба “Шоҳнома”-и безавол ва дигар осори классикони мо, таърихи ватан ва адабиёти шифоҳии он пуропур аз корномаву қаҳрамониҳоест, ки намунаи барҷастаи соҳибватанӣ ва ҳимояи Ватан мебошанд.
Яке аз ин қаҳрамони шуҷою ҷоннисор, ки ба муқобили таҷовузкорони мақдунӣ, лашкари хеле тавонои Искандари Макдунӣ муддатҳои дароз муқовимат ва муборизаҳои ҷоннисорона бурд, Спитамен мебошад, ки фарзандони шуҷоъ ва ҷавонмарди меҳанро ҷамъ оварда, сарзамини Суғду Бохтарро ҷоннисорона ҳимоят карда буд.
Аскарону афсарони сарзамини мо дар асри 4-и пеш аз милод усулҳои махсуси сафкашӣ, ҳуҷуму ақибнишиниро дар ҷангҳо моҳирона истифода мекарданд. Фақат дар лаҳзаҳои ҳалкунанда қувваи эҳтиётиро ба майдон мебароварданд. Искандари Макдунӣ, ки бо таҷрибаи ҷаҳонгириаш машҳур аст, бо лашкари гарони таҷрибадор ҳуҷум овард. Ватандӯстон на танҳо дар Устрӯшана ва Фарғонаи ғарбӣ ба по хеста буданд, балки суғдиёну бохтариён низ ба зидди душмани ғосиб яктан бархостанд. Искандар ба муқобилияти шадиди суғдиҳо дучор шуд ва дар ин ҳарб талафоти зиёде дода, худ захмдор гардид.
Падидаи ҷолиби таърихӣ ин аст, ки баъди ҷанг дар кӯҳсор ва шикаст қисми зиёди шӯришгарон-суғдиён нахостанд ба дасти душман асир афтанд ва худро нобуд сохтанд. Дар ин муҳориба 22 ҳазор нафар аз халқи маҳаллӣ кушта шуд. Аввалин зарба ба артиши Искандар аз ҷониби Спитамен ворид карда шуд ва дар ин муҳориба Искандар борҳо шикаст хӯрда, роҳи гурезро пеш гирифтааст.
Искандар барои пахши шӯриш лашкари 20 ҳазорнафараашро ба панҷ даста тақсим намуда, тамоми Суғдро давр зада, 120 ҳазор нафарро кушта, ба ҷои шаҳри Суғд шаҳри наве сохт. Ҳамин тавр, Спитамен, ки Искандарро ду сол дар Суғду Бохтар бо ҳуҷумҳои пайдарпай ва ҳунари баланди ҳарбӣ нигаҳ дошта, се лашкари ӯро тамоман торумор карда буд, ноҷавонмардона ба қатл расонида шуд.
Хеле ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки дар сарзамини гузаштагони мо дар қатори мардон бонувони шуҷоъ низ зимоми давлатдориро ба даст доштанд ва яке аз ин бонувони шуҷоъ маликаи қабилаи массагетҳо Томирис буд, ки душманони сарзамини моро дар замони салтанаташ мардона саркӯб кардааст. Қиссаи Томариси шуҷоъ ва муҳорибаҳои ӯ алайҳи душман дар ҳимояи марзу буми Ватан ибратомӯз ва мавзуи суҳбати хоссаест.
Дар мавриди далериву ҷоннисории бонувони тоҷик дар роҳи ҳимояи Ватан аз истилогарон қиссаҳои зиёде дар ҳофизаи мардум мондааст, ки далелаш мавзеъҳои “Чилдухтарон” дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон аст. Чил духтаре, ки дар вақти дар деҳа набудани мардон, чун душман ҳуҷум овард, либоси ҷангӣ ба тан кардаву силоҳ ба даст гирифта, ба ҳимояи Ватан бархостанд ва дар ин роҳ шарафмандона ҷон бохтанд.
Тавре дар китоби «Бузургон ва қаҳрамонони миллати тоҷик» (чопи нашриёти “Меъроҷ”-и Хуҷанд, с.2016, дар таҳияи Баҳром Мирсаидов ва Шодиқул Шарифов омадааст, корномаи қаҳрамони милливу асотирии сарзамини Саккоиён, ки гузаштагони мо мебошанд, Шераки аспбон дар замони Дорои 1- 555 сол пеш аз мелод рух дода буд, аммо то ҳол дар ҳофизаи мардум мондааст. Ин корнамоӣ намунаи барҷастатарини ҷоннисорӣ ба номи Ватан ва барои Ватан аст. Шерак қаҳрамонест, ки як худ тани танҳо бар як лашкари бузурги душмани ғосиб ва таҷовузгар пирӯз мегардад. Ӯ аз баҳри ҷони худ мегузарад, аммо як лашкар душманро ба коми фано мебарад.
Қаҳрамони халқи тоҷик Деваштич низ яке аз пешвоёни шӯриши суғдиён бар зидди халифаи араб дар солҳои 720-722 мебошад. Тибқи ривоятҳо, Деваштич ба арабҳои ғосиб муқобилияти сахт нишон дод ва онҳо натавонистанд ба зудӣ сарзамини Суғдро ба даст оваранд. Ин кори Деваштич арабҳоро сахт хашмгин гардонд. Вақте онҳо ӯро ба қатл расониданд, сарашро дар нӯги найза ба Бағдод фиристоданд.
Абӯмуслими Хуросонӣ яке қаҳрамонони ҷоннисори дигари марзу буми ватани хеш аст, ки як зиндагии пур аз набарду таҳаммул ва ибратбахше ба сар бурдааст. Ровиёни ахбор овардаанд, ки Абӯмуслими Хуросонӣ дар солҳои ҳукмронии хеш тағйироти зиёдеро ҳам дар сохтори давлатӣ ва ҳам равнақи хоҷагидорӣ ва амнияти он ворид сохтааст. Абӯмуслими Хуросонӣ бо сипаҳсолори худ Зиёд ибни Солеҳ дар наздикии Тароз лашкари чиниёнро шикаст дод.
Марги Абӯмуслими Хуросонӣ сабаби ошӯб ва ҳаракатҳои зиёд гардид, ки бо номи “Абӯмуслимия” дар таърих шуҳрат дорад машҳуртарини ин шӯришҳо шӯриши Муқаннаъ буд, ки худро шогирди Абӯмуслим медонист.
Муқаннаъ қаҳрамони дигари халқи тоҷик Ҳошим писари Ҳаким машҳур ба Муқаннаъ аст, ки фарзанди сарзамини Балх аст.
Падари ӯ Ҳаким аз сарҳангони хуросонӣ буд. Ҳошим, яъне Муқаннаъ дар омӯхтани илмҳои замон ба дараҷаи олимӣ расида буд. Ин далели он аст, ки қаҳрамонони миллии мо фитрату маърифати баланд доштанд. Муқаннаъ, ки дар замони шӯриши Абумуслим машваратчии бовариноки ӯ маҳсуб мешуд, пас аз хоинона кушта шудани Абумуслими Хуросонӣ дастгир шудаву се сол зиндонӣ буд.
Муқаннаъ пеш аз оғози шӯриш бар зидди аббосиён ҷонибдорони зиёде ҷамъ овард. Тарафдоронаш, ки баъд аз даргузашти Абӯмуслим ҷомаҳои сиёҳ мепӯшидагӣ шуданд, таҳти сарварии ӯ ҷомаҳои сапед ба бар карданд ва ин аст, ки онҳо дар таърих бо номи “сафедҷомагон” машҳур шудаанд.
Сафедҷомагон бо сарварии Муқаннаъ дар ҳама ҷо, аз ҷумла, дар Бухорову Наршаху Ҳисору дигар навоҳии Хуросон тарафдорони ватанпарвар ва ҷонибдорони зиёде пайдо намуданд. Қалъаи Сиёме, ки Муқаннаъ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор бунёд карда буд, ба як истеҳкоми пурқуввату устувори ҳарбӣ табдил ёфт.
Хуллас, Муқаннаъ ҷанговари қаҳрамон, олими забардаст, лашкаркаши моҳиру нотарс 14 сол: 9 сол пинҳонӣ дар Хуросон ва 5 сол рӯирост дар Мовароуннаҳр ба муқобили арабҳо шӯриш кард. Исёни Муқаннаъ, ки баъди хурӯҷи Абумуслим ва Сундбод дар Хуросону Мовароуннаҳр сар зад, руҳи озодихоҳӣ ва миллии халқи тоҷикро бедортар намуд.
Дар мавриди корнамоиҳои асосгузори аввалин давлати миллии тоҷикон Исмоили Сомонӣ ҳамагон маълумот доранд. Исмоили Сомонӣ барои ба вуҷуд овардани давлати Сомонӣ бо Саффориёну Алавиён мубориза бурда, бо вижагиҳои сиёсиву лашкаркашиҳои худ ҷиҳати эҳёи Хуросони бузург талош варзидааст.
Яке аз қаҳрамони дигари таърихии мо бо симои дурахшон, муҳофизи Хуҷанд Темурмалик мебошад, ки бар алайҳи яке аз хунхортарин душманони миллати мо ва одамият Чингизхон корномаҳои бемисл нишон дод.
Ба таври мухтасар чанд далелеро аз заковат, сарвариву ҷасорати ҷанговарии Темурмалик метавон овард, ки намунаи барҷаставу ибратомӯз барои насли навин хоҳад буд.
Муғулҳои истилогар аз тарафи рости дарёи Сир ҳуҷум карда мехостанд аз дарё гузаранд. Темурмалик онҳоро бо киштиҳои ҷангияш пешвоз гирифт, ҷанговарони ӯ муғулҳоро бо тирпаронӣ аз даричаҳои киштӣ зери борони тир қарор доданд. Темурмалик шабона ҷосус фиристода, аз ҳоли лашкари аз ҷанг мондашудаи Улоқнуюн хабардор шуда, дар мавридҳои зарурӣ шабохун мезад ва муғулонро қир мекард. Хабари муқовимати хуҷандиён бо сардории Темурмалик тез паҳн шуд. Ба ёрии Улоқнуюн 20 ҳазор савора ва 50 ҳазор асир фиристода шуд. Бо вуҷуди ин муғулҳо ёрои ба соҳил наздикшавӣ надоштанд, зеро аз борони тирҳои ҷонситони ҷанговарони хуҷандӣ метарсиданд.
Ҳамин тарз, ҷанговарони ҷонбаркафи Темурмалик қариб чаҳор моҳ- аз декабри соли 1219 то охири моҳи марти 1220 муғулонро қир кардан гирифтанд ва намонданд, ки аз дарё гузаранд. Муғулон диданд, ки бо ин роҳ ба Хуҷанд ҳуҷум оварда наметавонанд, аз рости деҳаи Маҳрами Конибодом аз дарё гузашта, деҳаи Қистакӯзро гирифта, ба Хуҷанд ҳуҷум карданд. Акнун ҳуҷуми муғулон самараовартар шудан гирифт, зеро онҳо аз ду тараф хуҷандиёнро танг карда меомаданд. Хуҷандиён ҳам дуру дароз мубориза бурда натавонистанд, зеро бо найранги Аҳмад ном тоҷири бо муғулон забон яккарда хоинон дарвозаи шаҳрро ба рӯи муғулон боз карданд.
Барои ҷанговарони Темурмалик баъди забти Хуҷанд дигар на тир монду на озуқа. Темурмалик- адмирали худрасидаи тоҷик ночор бо 70 киштӣ, ки 12-тои он ҷангӣ буд, ба сафари обӣ баромад. Муғулон аз ду тарафи дарё бо теъдоди зиёд онҳоро дунболагирӣ мекарданд. Ҷанговарони дарёнаварди Темурмалик тайи сафари 700-километраи обӣ аз Хуҷанд то шаҳри Ҷанду Борҷилиқканд, ки дар поёноби Сир воқеъ шуда буданд, қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд. Муғулҳо дар шаҳри Бинокат пеши роҳи киштиҳои Темурмаликро бо занҷирҳо баста, интизори ба ҳам бархӯрдану шикастану чаппа шудани онҳо буданд. Аммо боз ин дафъа низ шоҳиди зиракӣ ва қаҳрамонии Темурмалик шуданд. Сарлашкари тавоно бо табарзин занҷирҳоро бурида, роҳ кушод.
Муғулҳо хуҷандиёни дарёнавардро дар шаҳри Ҷанд, ки маркази стратегии онҳо буд, интизорӣ мекашиданд. Аммо Темурмалики доною огоҳ дар шаҳри Борҷилиқканд киштиҳоро боздошта, ба соҳил баромад ва рӯ ба биёбон овард. Хуҷандиён дар биёбон то имкон доштанд, бо душман истодагарӣ намуданд. Аммо дар яке аз ҷангҳо муғулон тавонистанд ҷанговарони Темурмаликро аз бору буна, яъне захираҳои ҷангӣ ва озуқаворӣ маҳрум кунанд. Дар ин ҷанги нобаробар ҷанговарони Темурмалик, ки рӯз то рӯз шумораашон камтар шудан мегирифт, қаҳрамонона ҳалок шуданд ва худи ӯ яккаву танҳо аз қайди душман раҳо шуда, бо якчанд раҳнавард ба Урганҷ- пойтахти давлати Хоразмшоҳиён, ки ҳанӯз дар тасарруфи муғулҳо набуд, рафт.
Темурмалики диловар дар чунин вазъият боз як дастаи дигарро ба таври таъҷилӣ омода карда, ба Шаҳрканд якбора ҳуҷум оварда, лашкари он ҷо гузоштаи муғулҳоро бо сардорашон ба қатл расонид.
Пас аз он Темурмалик бо Ҷалолуддини Манкубурнӣ ҳамроҳ шуда, пайваста бо муғулҳо меҷангид.
Хуллас, пас аз муборизаву корнамоиҳои зиёде Темурмалик ба Ватан баргашт ва ин хабар дар Хуҷанд паҳн гашт. Кудқоон-ҳокими муғул фармон дол, ки қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро дастгир намуда, ба қароргоҳ биёранд. Ӯро баъди боздошт ба пурсиш гирифтанд. Мардонавор, бе ҳарос ба саволҳо посух дод. Ҷавобҳои бебоконаву рӯирости Темурмалик Қудқоонро ба хашм овард. Тоқати сардори муғулон тоқ шуд ва Темурмаликро бо тири камон ба шаҳодат расонид.
Ахиран, қаҳрамони халқи тоҷик Восеи паҳлавону диловар мебошад, ки бар зидди зулму тааддии беинсофонаи амирони Бухоро аз байни халқ дар Хатлонзамин, аниқтараш Ховалинг баромада, барои нангу номус ва шарафи ҳамдиёрон корнамоиҳо нишон дода, ҷони худро нисори Ватан сохт. Дар мавриди Восеъ асарҳои зиёди бадеиву таърихӣ ва филму либреттоҳо навишта шудаанд, ки хонандагони арҷманд дар асоси онҳо аз корномаҳои ин қаҳрамони бебоки Ватан маълумот доранд.
Албатта, қаҳрамониҳои мардуми тоҷик дар ҳимояи нангу шарафи худ ва марзу буми аҷдодӣ бо ҳамин хотима намеёбад. Метавон мисолҳои зиёде аз қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони наҷиби халқи тоҷик дар даврони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ овард. Дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки халқи тоҷик низ аъзои Иттиҳоди шӯравӣ буд, фарзандони наҷиби тоҷик барои ҳимояи Ватан ҷоннисориҳо намуда, теъдоди зиёде шоиставу сазовори унвони қаҳрамонӣ ва ордену медалҳо барои шуҷоату ҷоннисориҳо дар ҳифзи Ватан гардидаанд.
Имрӯз миллате, ки чунин таърихи пуршарафро пушти сар кардаасту баъди гузаштан аз ҳама тӯфонҳои шадиди таърих сарбаландона мамлакати соҳибистиқлоли худро дорад, ба қадри озодиву ободии худ беш аз ҳарвақта мерасад. Ва мо шоҳиди ҷоннисориҳои халқамон ва фарзандони наҷиби он дар бунёду эҳёи Тоҷикистони навин ҳастем, ки дар тӯли беш аз сӣ соли даврони Истиқлоли давлатӣ қариб ҳар соату ҳар рӯзу ҳар сол зиндагии пурсамараш бо бунёдкориву созандагиву ободонии мамлакат мегузарад. Дар ин муддат ин сарзамини таърихӣ ва ин халқи некманиш тавонист артиши тавоно ва ҳамаҷониба муҷаҳҳазу омодаи худро бунёд гузорад.
Он руҳияи соҳибватаниву ватанпарастие, ки имрӯз ҷавонон, насли наврас ва хусусан сарбозони моро фаро гирифтааст, моро дилпур мекунад ва бовар мебахшад, ки марзу буми давлати мо дар дасти фарзандони боэътимоди мамлакат аст.
Ҳадафи мо ин буд, ки бори дигар ба ҷавонони тоҷик, ки ба руҳияи ватандӯстиву соҳибватании онҳо эътимоди комил дорем, аз шуҷоату қаҳрамонии фарзандони ин сарзамин, қаҳрамонони халқи тоҷик ёдовар шавем. Ёдовар шавем, ки сарзамини тоҷикон аз қадимтарин замонҳои таърих соҳиби фарзандони шуҷоъ ва мардуми ватандӯсту бонангу номуси хеш будааст, ки барои ҳимояи марзу буми Ватани азиз ҳамеша далерона омода буданд.
Мо бояд ҳаёту фаъолият ва корномаҳои қаҳрамони гузаштаи миллати худро биомӯзему тарғиб кунем, то наврасону ҷавононамон аз онҳо ибрат бигиранд, то онҳоро дар руҳияи қаҳрамониву ватандӯстӣ парвариш бидиҳем, то донанд, ки миллати некманишу хайрхоҳи тоҷик дар тӯли таърихи пурфоҷиа қаҳрамонони забардасти худро дорад, ки барои марзу буми Ватан бебокона ҷоннисориҳо кардаанд.
Гумон мекунам, сарчашмаи ҳама неруҳо, ҷасорат ва ҷоннисориҳо муҳаббат аст, муҳаббат ба Модар-Ватан, муҳаббат ба марзу бум, муҳаббат ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, суннатҳои баланди миллии халқамон. Хушбахтона, мо имрӯз намунаи дурахшони ин падидаро дар саросари мамлакат, дар симои зану мард ва хурду бузурги он мебинем. Ин муҳаббат, ки худ роҳнамои садоқат ва эҳтироми волои ватандӯстист, кафолати пойдорӣ ва пирӯзиҳои халқи наҷибу хирадпешаи мо хоҳад буд.