Хабарҳо

ПАЁМ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!

  Вохӯриҳои Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи нақшаи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия доир ба расондани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд ва татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли ҷорӣ хотирмону муассир сурат гирифт.

Дар вохӯриҳо нахуст Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ҳайати гурӯҳи кориро муаррифӣ намуда, раисони ҷамоатҳо оид ба корҳои иҷрошуда дар соли 2022 ва нақшаи тадбирҳо ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар соли 2023 ҳисобот манзур карданд.

Ҳисоботи раисони ҷамоатҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҷеъ ба дастоварду мушкилоти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷамоатҳо иброз ақида доштанд.

Дар ҳар вохӯрӣ роҷеъ ба боло бурдани сатҳи иқтисодиёт, дастгирии соҳибкорон ва фаъолияти онҳо, рушд додани соҳаи саноат, афзун намудани теъдоди масолеҳи истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба ин роҳ таъмини болоравии  сатҳи иҷтимоӣ, ҷалби ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, касбомӯзӣ, дастгирии занон, фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои мардум, рушд додани соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.

Дар ин радиф, масъулин доир ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа ва волоияти қонун баромадҳо намуда, иштирокдоронро оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ дастурҳои махсус доданд.

Раиси ноҳия дар фароварди чорабиниҳо аҳли заҳмати ноҳия ва соҳибкорони маҳаллиро ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди саноат” даъват кард.

Дар ҳар як вохӯрию мулоқоти доиргардида атрофи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат иштирокчиён андешаҳои худро иброз доштанд.

Чуноне дар шумораҳои қаблӣ иттилоъ дода будем, гурӯҳҳои таблиғотии таъсисдодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ дар чойхона-фароғатгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии ҳар маҳали аҳолинишин корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ доранд.