Хабарҳо

Дар гузашти низомии Рашт ду ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ иштирок намуданд

Сентябрь 7, 2021 12:19

РАШТ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар маркази ноҳияи Рашт ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ду ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи дар ноҳияи Рашт қарор дошта, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ гузашти низомӣ  доир гардид.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳамчунин дар ин гузашт техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву нақлиётӣ ва мошинҳои махсуси замонавӣ аз майдон гузаштанд.

Раиси ноҳияи Рашт  Раҳимҷон Муқимӣ хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбариро бо ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда,  иброз дошт, ки “истиқлол барои мо мисли ҳар миллати озодаи ҷаҳон боарзиштарин ҷашн аст. Истиқлол аст, ки мо тавонистем бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як кишвари зебою пешрафта бунёд намуда, ба фарзандон мерос гузорем. Хушбахтона, имрӯзҳо  дар сарзамини тоҷикон  кабӯтари сулҳу озодӣ  дар ҳавои софу беғубор  пар меафшонад”.

Сардори нозироти андози ноҳияи Рашт Фаррух Идизода гуфт, ки «ҳар сокини кишвар  шоҳид аст, ки маҳз ба туфайли ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 30 сол  Тоҷикистону тоҷикистониён ба он комёбию дастовардҳо ноил гардидаанд, ки дар тӯли 70 соли барқарории ҳокимияти Шӯравӣ  соҳиб нашуда буданд. Бояд тазаккур дод, ки тоҷикон  бо талоши Пешвои муаззами миллат худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллиро хуб эҳсос намуданд. Маҳз Сарвари давлат тавонистанд дар қалби мардум  ғояҳои ватандӯстию ба қадри истиқлолу ваҳдат расиданро  ҷой намоянд».

АКСҲО: АМИТ «Ховар»