11.10.2020 , шаҳри Душанбе
11 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба номзади дилхоҳи худ овоз доданд.
Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба участкаи интихоботии рақами 15 ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ рақами 2, ки дар маҳалли зисташон қарор дорад, ташриф оварданд.
Тавре аён гардид, мардум дар ин участкаи интихоботӣ низ чун ҳамаи участкаҳои дигар дар тамоми қаламрави кишвар хеле фаъоланд.
Иштирок ва овоздиҳии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури шумораи зиёди мушоҳидон аз созмонҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ ҷараён гирифт.
Овоздиҳии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи васеи намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ инъикос карданд.