Хабарҳо

COVID-19. ҶАВОНОН БЕТАРАФ НЕСТАНД

Ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19 дар ноҳия аз тарафи қишрҳои гуногуни ҷомеа чораҳои судманд мавриди амал қарор гирифтанд.

Хушбахтона, дар ин раванд ҷавонону наврасон бетараф набуда, дар асоси нақшаи тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус саъю талош намуда истодаанд.

Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якҷоягӣ бо волонтёрони бахш бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон тайи ин муддат корҳои назаррасеро ба анҷом расонданд.

Тавре Саидакбар Давлатов, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, зиёда аз 1000 ниқобу 2000 варақаҳои тавсиявӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва 2500 ниқобу 2500 маводҳои иттилоотию зиддивирӯсӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ба бахши ҷавонон ворид гардида, волонтёрони бахш онҳоро дастраси сокинони ноҳия, аз ҷумла оилаҳои эҳтиёҷманд гардонданд.

Дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх 112 линчаи орду 112 бастаи равған ба аҳолии камбизоат ва маъюбу бепарастор аз тарафи соҳибкорони ҷавон кумаки хайриявӣ расонда шуд.

Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар асоси тавсияи раиси ноҳияи Рашт ду маротиба «Оши ҳамдилии варзишгарон» ва «Оши ҳамдилии ҷавонон» дар беморхонаҳои ҳудуди ноҳия ба беморону табибон дода шуд.

Илова ба ин, 22 чорабинии таблиғотӣ дар мавзӯъҳои “Ниқоби ман -ҳифзи саломатии ман”, “Ҳифзи саломатии мо аз худи мо вобаста аст” ва “Худ ва дигаронро ҳифз намо” ва дигар аксияҳои таблиғотӣ роҳандозӣ гардиданд.

– Саҳмгузории ҷавонон дар масири бартарафсозии паҳншавии бемории  COVID-19 идома дошта, боварӣ ҳаст, ки дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ бо соҳибкорон тамоми мушкилоти мавҷуда бартараф мегардад, – гуфт дар хотимаи суҳбат С. Давлатов.