Хабарҳо

 Дар доманакӯҳҳои шаҳраки Ғарм бунёди  200 гектар ҷангалзори нав идома дорад.

3 апрели соли равон фаъолону зиёиён, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия беш аз 700 нафар барои бунёди ҷангалзори нав ба доманаи кӯҳи Мунданули болои шаҳрак баромада, беш аз 9000 ниҳоли мевадиҳандаю ороишӣ  ва сояафкан шинонданд.

Тибқи иттилои Абдулазиз Қаландаров, сардори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия, дар ин доманакӯҳ соли сипаришуда 720 бех ниҳоли мевадиҳанда дар майдони 6 га ва 1020 бех ниҳоли сояафкан дар майдони 10 га шинонида шуда, имсол 6450 ниҳоли мевадиҳанда дар майдони 7 га, 4200 бех ниҳоли сояафкан дар майдони  4  га ва 100 бех ниҳоли ороишӣ шинонида мешавад.

Ниҳолҳои шинонидашуда аз тарафи хоҷагии ҷангали ноҳия оварда шуда, бештар зардолу, чормағз, хуч, ақоқиё ва сада мебошанд.

– Дар ҳудуди ноҳия 1750 гектар ҷангалзор ва 1 гектар ниҳолхона мавҷуд аст.  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра 20 гектар ҷангалзори нав ва 60 гектар ҷангалзори куҳна барқарор мегардад,  – гуфт дар хотимаи суҳбат А. Қаландаров.