Ҳозирини гиромӣ!
Солҳо мегузаранд ва наслҳои оянда, замоне, ки таърихи навини давлатдории тоҷиконро меомўзанд, аз дастовардҳои халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори давлатдории навин ва истиқлолияти воқеии кишвар, ки аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад ифтихор хоҳанд кард.
Яке аз хидматҳо ва арзишҳои таърихии намояндагони Ичлосияи 16-уми Шўрои Олӣ дар он айёми ғамрез, печидароҳу басо мураккаб ва пуршебу фароз дар он буд, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шўрои ОлииҶумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд, ки ин аз бахти баланди миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.
Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти конститутсиониро дар кишвари тозаистиқлоли мо барқарор сохта, барои ташкил ва фаъолияти пурсамари тамоми сохторҳои давлатӣ асоси қонунӣ гузошт ва Созишномаи истиқрори сулҳ мардуми бо амри тақдир парешонгаштаи моро ба ҳам оварда, ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистонро таъмин намуд ва барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард».
Воқеан, дар чунин шароити душвор ягона ҳокимияти давлатие, ки масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи вакилони халқ баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ, таъмини қонуният ва сулҳу ризоияти миллӣ ифода мекард Шўрои Олӣ буд.
Гузашти вақт нишон дод, ки Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ноороми кишвар нақши бузурги таърихӣ гухошт ва роҳу сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷикро муайян намуд.
Баъди анҷоми Иҷлосия мақомоти тозаинтихоби ҳокимияти давлатӣ ва Роҳбари нави давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалӣ гаштани қарорҳои он шуруъ намуда, дар ин кори басо муҳим ва тақдирсоз азму иродаи қавӣ нишон доданд.
Роҳбари давлат садоқату вафодориро ба миллату давлати хеш нишон дода, баҳри хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, бозгашти муҳоҷирони иҷборӣ, барқарор намудани хоҷагии аз ҷанг харобгашта тадбирҳои фаврӣ андешида, ба бесарусомонӣ ва талошҳои беҳудаи ҳарисони мансаб, ки ба иродаи қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ такя доштанд хотима гузошт.
Ҳанўз дар нахустин суханронии худ содиқ буданро барои сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии миллат баён доштанд, ки : «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем то, ки вазъро ором намоем. Ҳарчӣ аз дастамон меояд, дар ин роҳ талош хоҳем кард».
Муносибати некбинона ва фаъолияти амалии Сарвари давлат дар қалби мардуми кишвар мавқеи нотакрору сазовори худро ишғол карда, яке аз асосҳои дастгирӣ ва боварии халқ ба сиёсати пешгирифтаи Роҳбари мамлакат гардиданд.
Ин садоқату самимиятро Пешвои муаззам дар ҷараёни хидматҳояш дар назди халқу Ватан борҳо собит намудааст. Маълум аст, ки аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таърихи худро бо номи фарзандони бузурги худ, ки дар наҷоти давлату миллат нақши ҳалкунанда доранд мансуб медонанд.
Номи Тоҷикистони мо бошад, бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амиқ пайваст гардидааст, ки ин бешубҳа яке аз дастовардҳои Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боварии мардуми сарбаланди тоҷик ба Сарвари хирадманди хеш мебошад.
Яке аз хидматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки ба хотири ояндаи кишвар паси мизи музокирот бо иттиҳоди мухолифини тоҷик нишаст ва дар мушкилтарин ҷараёни музокирот ин равандро ба фарҷоми мантиқӣ-имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон расонд.
Бо хиради азалӣ ва ҷаҳду талошҳои беохири Пешвои миллат баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ Тоҷикистон дар роҳи рушди босубот қадамҳои устувор гузошт. Навсозиҳои иқтисодӣ, самараи хешро ба бор оварданд, ки муҳимтарини онҳо раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад, ки ба натиҷаи ниҳоии онҳо расидем.
Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, изҳор доштанд, к ибо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад ва ин ҳадаф дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад.
Дар тўли роҳбарии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар аз 150 давлати дунё Тоҷикистонро ба расмият шинохтанд. Сиёсати «Дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва манфиатдор будани худро нишон дод.
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад, ки ин аз боло рафтани обру ва манзалати кишвари мо дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва минтақавӣ гувоҳӣ медиҳад. Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид.
Соли 2018 дар Рўзи ҷаҳонии об, ки ба 22 март рост меояд раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо –Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» расман оғоз гардид.
Пушида нест, ки Пешвои маҳбуби миллат дар эҳёи анъана, расму оин, сунатҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи тамаддуни фарҳанги оламгири ниёгонамон, то ба насли имрўз расидани арзишҳои беназири илмию адабии мутаффакирони миллат ва ба ин васила ташаккули худогоҳӣ, худшиносӣ, ифтихори ватану ватандорӣ ва истиқлолияти миллии наслҳои имрўзаву оянда саҳми бузург гузоштааст. Аз лиҳози сиёсию фарҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ бо қарорҳои ЮНЕСКО таҷлил гардидани 1100 – солагии давлати Сомониён, 2500 – солагии Истаравшани бостонӣ, 1000 солагии мутафакири бузурги тоҷик Носири Хусрав, 2700 – солагии шаҳри бостонии Кўлоб, Соли тамаддуни Ориёӣ, 3000 – солагии Ҳисори Шодмон ва даҳҳо чорабиниҳои маданию маърифатии дигар аз ҷумлае мебошанд, ки ҷаҳониён нисбати сиёсати пешгирифтаи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса доранд ва онро тарафдорӣ менамоянд. Ташаббус ва бузургтарин иқдоми замони соҳибистиқлолии кишвари мо албатта дар баробарии сулҳу салоҳ ин сохмони нерўгоҳи барқӣ обии Роғун мебошад, ки дар сатҳи байналмилалӣ барои эътибору нуфузи Тоҷикистон ҷойи хоссе дорад. Ба кор даромадани агрегатҳои якум ва дуюми нерўгоҳи барқи обии Роғун низ аз дастовардҳоест, ки дар таърихи тоҷикон бо номи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд.
Воқеан, бе ягон муболиға кору амали наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти миллӣ, ваҳдати саросарӣ, посдорию арҷгузории фарҳангу тамаддун ва бунёди иншоотҳои азими аср намунаи барҷастаи як шахсияти хирадманду бофарҳанг, ватандўсту ватандор ва наҷотбахши миллати худ ҳастанд.
Ин кору пайкори ибратбахш аз ҷониби хурду базурги кишвар қадрдонию эътироф гардидааст.
Насли имрўзаи миллат бояд бо як ҷаҳон шодию сурур шукри Тоҷикистони соҳибистиқлол, Пешвои бохираду меъмори ваҳдат ва расидан ба корҳои бузурги созандагиро кунанд.
Маҳз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ноҳияи Рашт дар баробари дигар манотиқи кишварамон тадриҷан пеш рафта, сол то сол ободу зебо гардида истодааст.
Ба фаъолият оғоз намудани Донишкадаи омўзгорӣ ва маҷмааи варзишии он, Коллеҷи тиббӣ, азнавсозии шоҳроҳи Душанбе Рашт – Саритош, азнавсозии роҳҳои дохилӣ, бунёд гардидани варзишгоҳ ва дигар иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимиву беморхонаҳо ва марказу бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаи ордбарорӣ бо истеҳсоли 50 тонна дар як шабонарўз, сохтмони пули азими мошингарди деҳаи Ҳиҷборак ва даҳҳо иншоотҳои хурду бузурги дигар аз дастгириҳои Пешвои муаззами миллат ба шумор мераванд.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои сохтмону таҷдиди иншооти гуногуни ноҳияи Рашт беш аз 500 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки ин дастгирии беғаразона мансуб ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Имрўз бо ифтихор метавон гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари баркамол дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсию амнияти минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро чун узви сарбаланди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо камоли масъулият муаррифӣ менамояд.
Имрўз мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши давлату миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби муосири миллӣ ва дар маҷмуъ, ҳамчун меъмори давлатдории навини тоҷикон ва Пешвои эътирофшудаи умумимиллиро мебинанд.
Пазироии самимии мардуми ноҳияи Рашт аснои сафари кории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бори дигар нишон дод, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Рашт ҳамеша бо Пешвои миллат буданд, ҳастанд ва оянда низ ба сиёсати Президенти мамлакат садоқат нишон дода, дар ҳалли масъалаҳои тақдирсоз ҳиссаи муносиб мегузоранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳозирини муҳтарам ва тамоми сокинони ноҳияро ба 27-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик гуфта, фатҳи пирўзиҳои нав ба навро дар кишвари соҳибистиқлоламон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат таманно менамоям.
Сарбаланду муваффақ бошед, ҳамдиёрони азиз!