Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАНТАНАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Санаи 28 марти соли 2026 дар деҳаи Кадараи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар чорабинии идона намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолони маҳаллӣ, пирони рӯзгордида, ҷавонон ва сокинони деҳа фаъолона иштирок намуда, суннату ойинҳои неки ниёгонро гиромӣ доштанд.
Барномаи фарҳангии идона бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ рангин гардида, суруду рақсҳои миллӣ, саҳнаҳои театрӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд. Ҳамчунин, дастархони наврӯзӣ бо анвои таомҳои миллӣ ороста шуда, меҳмонон аз суманак, ҳафтсину ҳафтшин ва дигар анъанаҳои хоси Наврӯз баҳравар гардиданд.
Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу субот, дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ нақши муҳим дорад.
Чорабинии мазкур дар фазои дӯстиву ҳамбастагӣ баргузор гардида, ба иштирокчиён руҳияи идона ва эҳсоси ифтихор аз фарҳанги миллӣ бахшид.