Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми солона, вохӯрии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо бо сокинон ва аҳли ҷамоатчигии деҳоти Ҷафр ва Ҳиҷборак баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими вобаста ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, ҳифзи суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси ноҳияи Рашт зимни суханронӣ иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми стратегӣ самтҳои асосии рушди минбаъдаи кишварро муайян намуда, аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеа тақозо менамояд, ки ҷиҳати иҷрои сифатнок ва саривақтии вазифаҳои дар он пешбинишуда тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҷалби фаъоли аҳолӣ ба корҳои ободонию созандагӣ, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ, риояи қонунгузорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа аз вазифаҳои муҳими ҳар як сокини кишвар ба шумор меравад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён фикру пешниҳодҳои худро оид ба масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва рӯзмарра иброз дошта, аз ҷониби раиси ноҳия вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида шарҳу тавзеҳҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

